(1-6)   (7-12)   (19-21)
Хушхабар аз Юҳанно (13-18)

Пойҳои шогирдонро шустани Исо

1 Як рӯз пеш аз иди Балогардон Исо дид, ки вақту соати аз ин дунё рафтан ва ба пеши Падараш баргаштани Ӯ расидааст. Ӯ дар ин дунё одамони худро дӯст медошт ва муҳаббаташ нисбат ба онҳо то охир пойдор буд.
2-3 Иблис аллакай ба дили Яҳудои писари Шимъӯни Исқарют фикри дар ҳаққи Исо хиёнат карданро ҷо карда буд. Исо медонист, ки Падар ҳама чизро ба дасти Ӯ супоридааст ва Ӯ аз ҷониби Худо омада, ба пеши Худо бармегардад. Аз ин рӯ, ҳангоми хӯроки шом 4 Ӯ аз сари дастархон бархеста, ҷомаашро кашиду миёни худро бо сачоқ баст. 5 Пас, ба тағораи дастурӯшӯйӣ об рехта, ба шустану бо сачоқи дар миён бастааш хушк кардани пойҳои шогирдон шурӯъ кард.
6 Ӯ ба назди Шимъӯни Петрус омад ва Шимъӯни Петрус гуфт: «Худованд, магар Ту пойҳои маро шустанӣ ҳастӣ?!» 7 Исо ҷавоб дод: «Ҳоло ту кори мекардаамро намефаҳмӣ, баъдтар мефаҳмӣ». 8 Он гоҳ Петрус ба Ӯ гуфт: «Ҳаргиз пойҳои маро намешӯӣ». «Агар нашӯям, ту бо Ман шарик намешавӣ!»- ҷавоб дод Исо. 9 Шимъӯни Петрус дар ҷавоб гуфт: «Худовандо, пас на фақат пойҳоямро, балки дасту сарамро низ бишӯй!» 10 «Барои касе, ки ҳаммом кардааст, танҳо пойҳояшро шустан лозим аст, чунки ӯ комилан пок аст,-гуфт Исо. - Шумо ҳам пок ҳастед, вале на ҳама». 11 Зеро Ӯ медонист, ки дар ҳаққаш кӣ хиёнат мекунад ва барои ҳамин гуфт, ки на ҳама пок ҳастанд.

12 Баъд аз он ки пойҳои онҳоро шуст, либосашро пӯшиду боз ба сари дастархон нишаста гуфт: «Оё медонед, ки Ман бароятон чӣ кор кардам? 13 Шумо Маро устод ва Худованд меномед ва ин дуруст аст, чунки Ман ҳамонам. 14 Пас, агар Ман, ки Худованд ва устоди шумо ҳастам, пойҳои шуморо шуста бошам, шумо низ бояд пойҳои якдигарро бишӯед. 15 Ман ба шумо намунаи ибрат шудам, ки шумо айнан мисле ки Ман нисбат ба шумо рафтор кардам, рафтор кунед. 16 Ба шумо рост мегӯям, ки хизматгор аз хоҷаи худ ва фиристодашуда аз шахсе, ки ӯро фиристодааст, бузургтар нест. 17 Акнун ки шумо ин чизҳоро медонед, хушбахт мешавед, агар онҳоро ба амал оваред.
18 Ман на дар бораи ҳамаи шумо мегӯям; Ман касони интихобкардаамро медонам. Вале, бигзор, суханон аз навиштаҷот ба амал оянд: „Касе ки нони Маро мехӯрд, бар зидди Ман даст бардошт”. 19 Инро ҳоло пеш аз рӯй доданаш ба шумо мегӯям, то ки ҳангоми ба амал омадани ин ҳодиса имон оваред, ки ин Ман ҳастам*. 20 Ба шумо рост мегӯям, ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, фиристандаи Маро қабул мекунад».

Пешгӯйии Исо дар бораи хиёнат дар ҳаққи ӯ

21 Инро гуфта, Исо сахт безобита шуду эълон кард: «Ба шумо рост мегӯям, яке аз шумо ба Ман хиёнат мекунад».
22 Шогирдон ба якдигар нигоҳ карда, дар ҳайрат монданд, ки Ӯ инро дар бораи кӣ гуфта бошад. 23 Яке аз шогирдон, ки Исо ӯро дӯст медошт, дар паҳлӯи Ӯ такя карда нишаста буд. 24 Шимъӯни Петрус ба ӯ ишора кард, то аз Исо бипурсад, ки Ӯ инро дар бораи кӣ гуфт. 25 Он шогирд ба Исо наздиктар шуда пурсид: «Худованд, ин кист?» 26 Исо ҷавоб дод: «Ба кӣ луқмаи нонро дар коса тар карда диҳам, ҳамон аст». Баъд луқмаи нонро тар карда, ба Яҳудои писари Шимъӯни Исқарют дод. 27 Ҳамин ки Яҳудо луқмаи нонро гирифт, иблис ба вуҷуди ӯ дохил шуд. Исо ба ӯ гуфт: «Он ниятеро, ки дар дил дорӣ, зудтар иҷро бикун».
28 Ҳеҷ касе аз онҳое, ки дар сари дастархон буданд, нафаҳмиданд, ки барои чӣ Исо ба ӯ ин суханро гуфт. 29 Азбаски хазинаи пул дар дасти Яҳудо буд, баъзеҳо гумон карданд, ки Исо ба ӯ фармуд, то ҳар чӣ барои ид лозим аст, барояшон бихарад ё ки ба бенавоён чизе бидиҳад.
30 Яҳудо нонро гирифта, ҳамон замон берун баромад. Шаб буд.

Фармони нав

31 Вақте ки ӯ берун баромад, Исо гуфт: «Акнун Фарзанди Инсон шӯҳрату ҷалол ёфт ва Худо низ ба воситаи Ӯ шӯҳрату ҷалол ёфт. 32 Агар Худо дар Ӯ шӯҳрату ҷалол ёфта бошад, пас Худо низ дар худ Ӯро шӯҳрату ҷалол медиҳад ва фавран инро мекунад. 33 Эй фарзандонам, муддати кам мондааст, ки Ман ҳамроҳи шумо мемонам. Шумо Маро ҷустуҷӯ хоҳед кард, вале, чӣ тавре ки ба роҳбарони яҳудӣ гуфта будам, акнун ба шумо низ мегӯям, ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед. 34 Ман ба шумо фармони нав медиҳам, ки якдигарро дӯст доред. Ҳамон тавре ки Ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред. 35 Агар нисбат ба якдигар муҳаббат дошта бошед, ҳама хоҳанд фаҳмид, ки шумо шогирдони Ман ҳастед».

Пешгӯйии Исо дар бораи Ӯро инкор кардани Петрус

36 Шимъӯни Петрус аз Ӯ пурсид: «Худованд, Ту ба куҷо меравӣ?» «Ба ҷое, ки Ман меравам, ту ҳоло аз паси Ман омада наметавонӣ,- ҷавоб дод Исо, - аммо баъдтар хоҳӣ омад». 37 Петрус ба Ӯ гуфт: «Худованд! Чаро ман ҳоло аз паси Ту рафта наметавонам? Ман тайёрам ҷони худро барои Ту фидо кунам!» 38 Исо ҷавоб дод: «Ҷонатро фидои Ман мекунӣ?! Ба ту рост мегӯям, ки пеш аз ҷеғ задани хурӯс ту се бор Маро инкор хоҳӣ кард!»






Исо роҳ ба сӯи Падар аст

1 Исо суханашро давом дода гуфт: «Бигзор дилҳоятонро ғаму ғусса фаро нагирад! Ба Худо имон оваред ва ба Ман низ имон оваред! 2 Дар хонаи Падари Ман ҳуҷраҳо бисёранд. Агар чунин намебуд, магар Ман ба шумо мегуфтам, ки рафта, барои шумо ҷой тайёр мекунам? 3 Вақте ки Ман меравам ва барои шумо ҷой тайёр мекунам, баргашта, шуморо пеши худ мебарам, то дар ҷое, ки Ман ҳастам, шумо ҳам бошед. 4 Роҳ ба он ҷое, ки Ман меравам, барои шумо маълум аст».
5 Он гоҳ Тумо ба Ӯ гуфт: «Худовандо, мо намедонем, ки Ту ба куҷо меравӣ. Пас роҳро аз куҷо дониста метавонем?» 6 Исо ба ӯ гуфт: «Ман роҳ, ростӣ ва ҳаёт ҳастам. Ҳеҷ кас пеши Падар намеояд, магар ин ки фақат ба воситаи Ман. 7 Модоме ки шумо Маро мешиносед, Падарамро ҳам мешиносед. Аз имрӯз эътиборан шумо Ӯро мешиносед ва ҳатто Ӯро дидаед!»

8 «Худовандо! - гуфт ба Ӯ Филиппус, - Падарро ба мо нишон деҳ ва ин бароямон кифоя аст». 9 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ин қадар ҳамроҳи шумо будам ва ту, Филиппус, Маро то ҳол намешиносӣ? Ҳар кӣ Маро дида бошад, Падарро дидааст. Пас чӣ гуна ту „Падарро ба мо нишон деҳ” мегӯӣ? 10 Магар бовар намекунӣ, ки Ман дар Падар ҳастам ва Падар дар Ман аст? Суханонеро, ки Ман ба шумо мегӯям, аз худам намегӯям. Падарам, ки дар Ман аст, корҳои худро иҷро мекунад. 11 Ба Ман бовар кунед, ки Ман дар Падар ҳастам ва Падар дар Ман аст. Вагарна ба хотири он корҳое, ки мекунам, бовар кунед. 12 Ба шумо рост мегӯям, ҳар кӣ ба Ман имон оварад, корҳоеро, ки Ман мекунам, вай ҳам мекунад ва ҳатто корҳои бузургтар аз он мекунад, чунки Ман ба назди Падарам меравам. 13 Инчунин ҳар чиро, ки аз номи Ман талаб кунед, Ман иҷро мекунам, то ки шӯҳрату ҷалоли Падар дар Писар намоён гардад. 14 Агар аз номи Ман чизеро аз Ман талаб кунед, онро иҷро хоҳам кард.
 
Ваъда дар бораи Рӯҳи Муқаддас

15 Агар шумо Маро дӯст доред, фармонҳои Маро иҷро мекунед. 16 Он гоҳ Ман аз Падарам хоҳиш мекунам ва Ӯ ба шумо Мададгори дигареро медиҳад, ки то абад бо шумо мемонад. 17 Ин Рӯҳи ростӣ аст, ки ҷаҳон Ӯро қабул карда наметавонад, чунки Ӯро на мебинаду на мешиносад. Вале шумо Ӯро мешиносед, чун Вай ҳамроҳи шумо аст ва дар шумо мешавад.
18 Ман шуморо бепарастор намегузорам: боз ба назди шумо бармегардам. 19 Пас аз андаке ҷаҳон Маро дигар намебинад, вале шумо Маро хоҳед дид. Азбаски Ман зиндаам, шумо ҳам зинда мешавед. 20 Дар он рӯз медонед, ки Ман дар Падарам ҳастам ва шумо дар Ман ҳастед ва Ман дар шумо.
21 Ҳар кӣ бо фармонҳои Ман розӣ шаваду онҳоро иҷро кунад, вай касест, ки Маро дӯст медорад ва ҳар кӣ Маро дӯст дорад, ӯро Падари Ман ҳам дӯст медорад. Ман низ ӯро дӯст медорам ва худро ба ӯ ошкор мекунам». 22 Яҳудо (на Исқарют) гуфт: «Худовандо, ин чӣ тавр мешавад, ки Ту худро ба мо зоҳир мекунӣ, аммо на ба ҷаҳон?» 23 Исо дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ҳар кӣ Маро дӯст дорад, каломи Маро риоя мекунад. Он гоҳ Падари Ман ҳам ӯро дӯст медорад. Мо пеши ӯ меоем ва дар наздаш ҷой мегирем. 24 Касе ки Маро дӯст намедорад, суханони Маро иҷро намекунад. Он сухане, ки шумо мешунавед, аз Ман нест, балки сухани Падар аст, ки Маро фиристодааст.

25 Ман ин суханонро ба шумо ҳанӯз, ки бо шумо ҳастам, мегӯям. 26 Вале Мададгор, Рӯҳи Муқаддас, ки Ӯро Падар аз номи Ман ба шумо мефиристад, ҳама чизро ба шумо ёд медиҳад ва ҳар сухани Маро ба хотири шумо меоварад.
27 Ман оромиро бо шумо мемонам, оромии худамро ба шумо медиҳам. Ман онро ба шумо на ба он тавре медиҳам, ки ҷаҳон медиҳад. Ғаму ғуссаро аз дилҳоятон дур кунеду ҳаросон нашавед! 28 Шумо аллакай суханони Маро шунида будед, ки Ман меравам ва ба назди шумо бармегардам, гуфта будам. Агар Маро дӯст медоштед, хурсанд мешудед, ки Ман ба пеши Падар меравам, зеро Падар аз Ман бузургтар аст. 29 Ана Ман инро пеш аз ба амал омаданаш ба шумо гуфтам, то вақте ки ин ҳодиса ба амал меояд, имон оваред! 30 Ман дигар вақти дароз бо шумо гап намезанам, чунки ҳукмрони ин ҷаҳон омада истодааст. Вай бар Ман ҳеҷ қудрате надорад, 31 вале Ман аз рӯи фармони Падар, ки ба Ман додааст, ин корро мекунам, то ҷаҳон бидонад, ки Ман Падарро дӯст медорам. Бархезед, биёед, аз ин ҷо меравем!»



Исо токи ҳақиқӣ аст

1 Исо суханашро давом дода гуфт: «Ман токи ҳақиқӣ ҳастам ва Падари Ман токпарвар аст. 2 Ҳар шохаеро, ки дар Ман ҳосил намедиҳад, Ӯ бурида мепартояд ва ҳар шохаи ҳосилдиҳандаро хомток мекунад, то меваи бештаре ба бор оварад. 3 Шумо аллакай ба воситаи суханоне, ки Ман ба шумо гуфтаам, пок шудаед. 4 Дар Ман бимонед, чунон ки Ман дар шумо ҳастам. Ҳамон тавр ки шоха, агар дар ток набошад, аз худ ҳосил ба бор оварда наметавонад, ҳамчунин шумо низ, агар дар Ман намонед, аз худ самара оварда наметавонед. 5 Ман ток ҳастам ва шумо шохаҳо ҳастед. Танҳо онҳое, ки дар Ман ҳастанд ва Ман дар онҳо ҳастам, ҳосили фаровон ба бор меоваранд, чунки бе Ман шумо ҳеҷ коре карда наметавонед. 6 Ҳар кӣ дар Ман намонад, монанди шоха партофта шуда, баъд хушк мешавад. Чунин шохаҳоро ҷамъ карда, ба оташ мепартоянду месӯзонанд. 7 Агар шумо дар Ман бимонед ва суханони Ман дар шумо бимонанд, ҳар чизеро, ки талаб кунед, бароятон иҷро мешавад! 8 Падари Ман бо он шӯҳрату ҷалол меёбад, ки шумо самари зиёд меоваред ва бо ин нишон медиҳед, ки шогирдони Ман ҳастед.

9 Чӣ тавре ки Падар Маро дӯст медорад, ҳамон тавр Ман ҳам шуморо дӯст медорам. Дар муҳаббати Ман бимонед! 10 Айнан чӣ тавре ки Ман фармонҳои Падарамро иҷро кардаму дар муҳаббаташ мондам, шумо низ агар фармонҳои Маро иҷро кунед, дар муҳаббати Ман мемонед. 11 Ман инро ба шумо барои он гуфтам, ки шодии Ман дар шумо бошад ва шодии шумо пурра гардад. 12 Фармони Ман ин аст: чуноне ки Ман шуморо дӯст медорам, ҳамон тавр шумо якдигарро дӯст доред. 13 Аз он муҳаббате, ки кас ҷонашро барои дӯстонаш фидо мекунад, муҳаббати бузургтаре нест. 14 Агар фармонҳои Маро иҷро кунед, шумо дӯстони Ман ҳастед. 15 Ман дигар шуморо хизматгор наменомам, зеро хизматгор намедонад, ки хоҷаи ӯ ба чӣ кор машғул аст. Лекин Ман шуморо дӯстони худ мехонам, чунки ҳама чизи аз Падар шунидаамро ба шумо гуфтаам. 16 Шумо Маро интихоб накардаед, балки Ман шуморо интихоб карда, таъин намудаам, ки рафта мева биёред ва мевае, ки то абад мемонад. Инак, ҳар чи ба номи Ман аз Падар талаб кунед, Ӯ ба шумо бидиҳад. 17 Пас, фармони Ман барои шумо ин аст, ки ҳамдигарро дӯст доред».

Нафрати ҷаҳон

18 «Агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад, донед, ки аввал аз Ман нафрат дошта буд. 19 Агар шумо аз ин ҷаҳон мебудед, ҷаҳон шуморо ҳамчун аз они худ дӯст медошт. Вале, аз сабаби он ки Ман шуморо аз ин ҷаҳон интихоб карда гирифтам ва шумо аз ин ҷаҳон нестед, ин ҷаҳон аз шумо нафрат дорад. 20 Дар хотир доред, ки Ман ба шумо чӣ гуфта будам: „Хизматгор аз хоҷаи худ бузургтар нест”. Пас, агар Маро барои азоб додан дунболагирӣ карда бошанд, шуморо низ дунболагирӣ мекунанд. Агар суханони Маро иҷро карда бошанд, суханони шуморо низ иҷро мекунанд. 21 Аммо мардум ҳамаи инро бо шумо аз барои Ман мекунанд, чунки фиристандаи Маро намешиносанд. 22 Агар Ман ба ҷаҳон намеомадам ва ба онҳо сухане намегуфтам, онҳо гуноҳе намедоштанд, вале акнун барои сафед кардани гуноҳи худ баҳона надоранд. 23 Касе, ки аз Ман нафрат мекунад, аз Падари Ман низ нафрат дорад. 24 Агар Ман дар байни онҳо он корҳоеро, ки касе накардааст, намекардам, онҳо гуноҳ намедоштанд. Вале акнун онҳо он корҳоро диданд ва бо вуҷуди ин аз Ман ва ҳам аз Падарам нафрат доранд. 25 Ин барои иҷро шудани гуфтаҳои шариати онҳо ба амал меояд, ки гуфта шудааст: „Бесабаб аз ман нафрат доштанд”.

26 Вале, вақте Мададгоре, ки Ман аз ҷониби Падар Ӯро назди шумо мефиристам, меояд, яъне Рӯҳи ростӣ, ки аз Падар мебарояд, дар бораи Ман шаҳодат медиҳад. 27 Инчунин шумо ҳам шаҳодат медиҳед, зеро шумо аз рӯзҳои аввал бо Ман будед».



1 Исо суханашро давом дода гуфт: «Ман инро ба шумо барои он гуфтам, ки роҳзада нашавед. 2 Шуморо аз ибодатхонаҳо ҷудо мекунанд. Ҳатто чунон замоне фаро мерасад, ки кушандагони шумо фикр мекунанд, ки бо ин корашон ба Худо хизмат мекунанд. 3 Онҳо аз сабаби он чунин рафтор мекунанд, ки на Падар ва на Маро мешиносанд. 4 Аммо Ман ин чизҳоро ба шумо барои он гуфтам, ки ҳангоми расидани ин вақт шумо ба хотир оред, ки Ман дар бораи онҳо ба шумо гуфта будам.

Кори Рӯҳи Муқаддас

Аз аввал дар бораи ин чизҳо ба шумо нагуфтам, чунки ҳамроҳи шумо будам. 5 Акнун пеши он касе меравам, ки Маро фиристодааст. Вале ҳеҷ касе аз шумо ба Ман савол намедиҳад, ки „Ту ба куҷо меравӣ?”, 6 чунки суханони Ман дилҳои шуморо пур аз ғам карданд. 7 Аммо Ман ба шумо рост мегӯям: рафтани Ман барои фоидаи шумост. Зеро, агар Ман наравам, Мададгор пеши шумо намеояд ва агар биравам, Ӯро ба назди шумо мефиристам. 8 Вақте ки Ӯ меояд, фикрронии нодурусти ин ҷаҳонро дар бораи гуноҳ, ростӣ ва ҳукмкунӣ фош мекунад: 9 гуноҳ дар ин аст, ки онҳо ба Ман имон намеоваранд; 10 ростӣ дар ин аст, ки Ман ба пеши Падарам меравам ва шумо дигар Маро намебинед; 11 ҳукмкунӣ дар ин аст, ки ҳукмрони ин ҷаҳон аллакай айбдор шудааст.
12 Ман боз бисёр чизи ба шумо гуфтанӣ дорам, аммо алҳол шумо онҳоро ғунҷонда наметавонед. 13 Вақте ки Рӯҳи ростӣ меояд, Ӯ шуморо сӯи тамоми ростӣ роҳнамоӣ мекунад, зеро Ӯ аз худ чизе намегӯяд, балки он чиро, ки мешунавад, ба шумо мегӯяд. Ӯ ба шумо дар бораи ҳодисаҳои оянда хабар медиҳад. 14 Ӯ Маро шӯҳрату ҷалол медиҳад, зеро Ӯ гуфтаҳои Маро гирифта, ба шумо нақл мекунад. 15 Ҳар чӣ Падар дорад, аз они Ман аст. Аз ин сабаб Ман гуфтам, ки Ӯ гуфтаҳои Маро гирифта, ба шумо нақл мекунад».

Ба шодӣ табдил ёфтани ғами ғусса

16 «Баъд аз андаке шумо Маро дигар намебинед, вале баъд аз андаки дигар Маро боз хоҳед дид». 17 Он гоҳ баъзе аз шогирдон ба ҳамдигар гуфтанд: «Ӯ „баъд аз андаке шумо Маро дигар намебинед, вале баъд аз андаки дигар Маро боз хоҳед дид” ва „чунки Ман ба пеши Падар меравам” гуфта чиро дар назар дорад? 18 Ӯ „андаке” гуфта чиро дар назар дорад? Мо намефаҳмем, Ӯ дар бораи чӣ гуфта истодааст».
19 Исо фаҳмид, ки онҳо ба Ӯ савол доданӣ ҳастанд, бинобар ин гуфт: «Шумо аз якдигар мепурсед, ки „баъд аз андаке шумо Маро дигар намебинед, вале баъд аз андаки дигар Маро боз хоҳед дид” гуфта чиро дар назар доштам? 20 Ба шумо рост мегӯям, ки шумо гиря карда, андӯҳгин мешавед, вале ҷаҳон шодӣ мекунад. Шумо ғамгин мешавед, аммо ғами шумо ба шодӣ мубаддал мегардад. 21 Ҳангоми таваллуди кӯдак зан ғамгин мешавад, чун соати азоби вай расидааст, вале вақте ки кӯдакро мезояд, азобу шиканҷаро фаромӯш карда, шодӣ мекунад, ки инсоне ба дунё омадааст. 22 Инак, шумо ҳам ҳоло ғамгин ҳастед, аммо Ман шуморо боз мебинам ва дилҳои шумо аз шодӣ пур мешаванд ва он шодиро ҳеҷ кас аз шумо гирифта наметавонад.
23 Он рӯз шумо аз Ман чизе намепурсед. Ба шумо рост мегӯям, ҳар чиро ки бо номи Ман аз Падар талаб кунед, Ӯ ба шумо хоҳад дод. 24 То кунун шумо аз номи Ман чизеро талаб накардаед. Талаб кунед ва ба даст меоваред ва хурсандии шумо пурра мешавад».

Ғалаба бар ҷаҳон

25 «Ман дар ин бора ба шумо бо рамзҳо гуфтам, лекин замоне фаро мерасад, ки ба шумо на бо рамзҳо, балки кушоду равшан дар бораи Падар нақл мекунам. 26 Дар он рӯз бо номи Ман аз Ӯ талаб мекунед. Ман намегӯям, ки барои шумо аз Падар талаб мекунам, 27 зеро худи Падар шуморо дӯст медорад, аз сабаби он ки шумо Маро дӯст доштед ва имон овардед, ки Ман аз ҷониби Ӯ омадаам. 28 Ман аз ҷониби Падар ба ин ҷаҳон омадаам ва боз ин ҷаҳонро тарк карда, ба назди Ӯ меравам».
29 «Акнун Шумо кушоду равшан ва бе рамзҳо гап зада истодаед,- гуфтанд ба Ӯ шогирдон. 30 - Ҳоло мо фаҳмидем, ки Шумо ҳама чизро медонед ва ҳоҷати аз Шумо пурсидан нест. Бинобар ин мо имон дорем, ки Шумо аз назди Худо омадаед». 31 «Шумо акнун имон овардед? - гуфт дар ҷавоби онҳо Исо. 32 - Инак вақту соате меояд ва он аллакай фаро расидааст, ки ҳамаи шумо пароканда шуда ба хонаҳои худ меравед ва Маро танҳо мегузоред. Вале Ман танҳо нестам, зеро Падар ҳамроҳи Ман аст. 33 Ман ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то ки шумо дар Ман оромӣ пайдо кунед. Дар дунё шуморо азобу уқубат интизор аст, вале шумо мардонагиро аз даст надиҳед: Ман бар ин ҷаҳон ғолиб шудаам!»





Барои шогирдонаш дуо кардани Исо

1 Баъд аз ин суханон Исо ба сӯи осмон нигоҳ карда гуфт: «Эй Падар, вақт фаро расид. Писари худро шӯҳрату ҷалол деҳ, то ки Писар Туро шӯҳрату ҷалол бидиҳад, 2 чунки Ту ихтиёри ҳамаи одамонро ба дасти Ӯ супоридаӣ, то ки Ӯ низ ба ҳамаи касоне, ки ба Ӯ бахшидаӣ, ҳаёти абадӣ диҳад. 3 Ва ҳаёти абадӣ ин аст, ки Туро, Худои ягонаи ҳақиқӣ ва Исои Масеҳро, ки Ту фиристодаӣ, шиносанд. 4 Ман бо анҷом додани он коре, ки Ту ба Ман супорида будӣ, бароят дар рӯи замин шӯҳрат додам. 5 Акнун, эй Падар, он шӯҳрату ҷалолеро, ки пеш аз пайдоиши олам дар назди Ту доштам, ба Ман бидеҳ.
6 Ман номи Туро ба он касоне, ки Ту аз ҷаҳон гирифта, ба Ман бахшидаӣ, маълум кардам. Онҳо аз они Ту буданду Ту онҳоро ба Ман бахшидӣ ва онҳо каломи Туро риоя карданд. 7 Акнун онҳо медонанд, ки ҳама чизи ба Ман додаат, аз они туст. 8 Зеро он каломеро, ки Ту ба Ман додӣ, Ман ба онҳо расондам ва онҳо қабул карда, дар ҳақиқат фаҳмиданд, ки Ман аз назди Ту омадаам ва боварӣ доранд, ки Ту Маро фиристодаӣ.

9 Ман барои онҳо дуо мекунам. Ман на барои ҷаҳон, балки барои онҳое дуо мекунам, ки Ту ба Ман додаӣ, чунки онҳо аз они туанд. 10 Зеро ҳамаи онҳое, ки Ман дорам, аз они туанд ва онҳое, ки Ту дорӣ, аз они Мананд ва ба василаи онҳо Ман шӯҳрату ҷалол ёфтам. 11 Ман дигар дар ин ҷаҳон нестам, балки пеши Ту меравам, вале онҳо дар ин ҷаҳон мемонанд. Эй Падари Муқаддас, бо қудрати номи худ, ки Ту ба Ман додаӣ, онҳоро муҳофизат бикун, то онҳо як бошанд, чунон ки Ману Ту бо ҳам як ҳастем. 12 То вақте ки Ман бо онҳо будам, онҳоро бо қудрати номи ту, ки ба Ман бахшидаӣ, муҳофизат ва нигаҳбонӣ кардам. Аз онҳо касе ҳам ҳалок нашуд, ғайр аз як нафар, ки бояд ҳалок мешуд, то гуфтаҳои навиштаҷот ба амал оянд. 13 Вале акнун Ман назди Ту меравам ва ин чизҳоро ҳанӯз ки дар ин ҷаҳон ҳастам, мегӯям, то шодии Ман дар онҳо пурра шавад. 14 Ман каломи Туро ба онҳо расондаам ва ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, чунки онҳо аз ин ҷаҳон нестанд, ҳамон тавр ки Ман ҳам аз ин ҷаҳон нестам. 15 Ман талаб намекунам, ки Ту онҳоро аз ҷаҳон бибарӣ, аммо мехоҳам, ки онҳоро аз иблис муҳофизат намоӣ. 16 Онҳо аз ин ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман ҳам аз ин ҷаҳон нестам. 17 Тавассути ростӣ онҳоро барои худ ҷудо кун; каломи Ту ростӣ аст. 18 Чунон ки Ту Маро ба ҷаҳон фиристодаӣ, ҳамин тавр Ман ҳам онҳоро ба ҷаҳон фиристодаам. 19 Ман ба хотири онҳо худро ба Ту бахшидам, то ки онҳо низ ба тавассути ростӣ худро ба Ту бахшида тавонанд.

20 Ман на фақат барои онҳо дуо мекунам, балки барои касоне ҳам, ки ба воситаи суханони онҳо ба Ман имон меоваранд. 21 Бигзор ҳамаи онҳо як шаванд. Бигзор, чӣ тавре ки ту, Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту ҳастам, онҳо низ дар мо бошанд, то ҷаҳон имон оварад, ки Маро Ту фиристодаӣ. 22 Ман ба онҳо ҳамон шӯҳрату ҷалолеро додаам, ки Ту ба Ман додаӣ, то онҳо як бошанд, чунон ки Ману Ту як ҳастем. 23 Ман дар онҳо ҳастам ва Ту дар Ман ҳастӣ, то онҳо дар ягонагии комил бошанду ҷаҳон бидонад, ки Ту Маро фиристодаӣ ва онҳоро ҳамон тарз дӯст медорӣ, ки Маро дӯст медорӣ.

24 Эй Падар, мехоҳам, онҳое ҳам, ки Ту ба Ман бахшидаӣ, ҳамроҳи Ман дар он ҷое бошанд, ки Ман мешавам ва он шӯҳрату ҷалолеро бубинанд, ки Ту ба Ман додаӣ, зеро Ту Маро пеш аз офариниши олам дӯст дошта будӣ. 25 Эй Падари одил, ҷаҳон Туро нашинохт, вале Ман Туро мешиносам ва онҳо медонанд, ки Ту Маро фиристодаӣ. 26 Ман ба онҳо Туро ошкор кардам ва боз ҳам ошкор мекунам, то он муҳаббате, ки Ту нисбат ба Ман дорӣ, дар онҳо низ бошад ва Ман ҳам дар онҳо бошам».

 




Дастгир шудани Исо

1 Пас аз ин суханон Исо ҳамроҳи шогирдонаш баромада, ба канори дигари водии Қидрун гузашт. Дар он ҷо боғе буд ва Исо бо шогирдонаш ба он боғ даромад. 2 Яҳудо, ки ба Исо хиёнат кард, низ он ҷоро медонист, чунки Исо ва шогирдонаш бисёр вақт дар он ҷо ҷамъ меомаданд. 3 Инак, Яҳудо дастаи аскарони румӣ ва посбонони Хонаи Худоро, ки аз тарафи сардорони рӯҳонӣ ва фарисиён фиристода шуданд, бо худ ба он ҷо овард. Онҳо ҳама мусаллаҳ буданд ва дар даст фонусу машъал бардошта меомаданд.
4 Исо медонист, ки бо Ӯ чӣ ҳодиса рӯй медиҳад, бинобар ин ба пеши онҳо баромада, пурсид: «Шумо киро ҷустуҷӯ мекунед?» 5 Онҳо ҷавоб доданд: «Исои Носириро». «Ин Манам», - ҷавоб дод Исо. Яҳудо, ки ба Исо хиёнат кард, низ ҳамроҳи онҳо буд. 6 Ҳамин ки Исо «Ин Манам» гуфт, онҳо ақибнокӣ рафта, ба замин афтоданд. 7 Исо боз аз онҳо пурсид: «Шумо киро ҷустуҷӯ мекунед?» «Исои Носириро»,- гуфтанд онҳо. 8 «Ман ба шумо гуфтам, ки ин Ман ҳастам. Агар барои шумо Ман лозим бошам, пас монед, ки ин одамон раванд». 9 Ӯ барои он ин тавр гуфт, то суханони «Аз он касоне, ки Ту ба Ман бахшидӣ, касеро аз даст надодам» гуфтааш иҷро шаванд.

10 Шимъӯни Петрус, ки шамшер дошт, онро аз ғилоф кашида, ғуломи сарвари рӯҳониёнро заду гӯши рости ӯро бурида партофт. Он ғулом Малҳус ном дошт. 11 Исо ба Петрус гуфт, ки шамшерашро ба ғилофаш андозад. Инчунин илова кард: «Наход, ки аз косаи азобе, ки Падарам барои Ман додааст, нанӯшам?»
12 Он гоҳ дастаи аскарони румӣ бо фармондеҳи худ ва посбонони яҳудӣ Исоро дастгир карда бастанд. 13 Аввал Ӯро назди Ҳонон, падарарӯси Қаёфо бурданд, ки ҳамон сол сарвари рӯҳониён буд. 14 Қаёфо ин ҳамон шахсе буд, ки ба ҳукуматдорони яҳудӣ маслиҳат дод, ки агар ба ҷои тамоми мардум як нафар бимирад, беҳтар аст.

Исоро инкор кардани Петрус

15 Шимъӯни Петрус ва як шогирди дигари Исо аз паси Ӯ рафтанд. Он шогирд бо сарвари рӯҳониён ошноӣ дошт, бинобар ин ҳамроҳи Исо ба ҳавлии сарвари рӯҳониён даромад. 16 Вале Петрус дар беруни ҳавлӣ, дар назди дарвоза истод. Пас он шогирде, ки бо сарвари рӯҳониён ошноӣ дошт, баромада, бо зане, ки дарвозабон буд, гуфтугӯ карда, Петрусро ба ҳавлӣ даровард. 17 Зани дарвозабон ба Петрус гуфт: «Оё ту аз шогирдони он кас нестӣ?» «Не, нестам»,- ҷавоб дод Петрус.
18 Азбаски ҳаво хунук буд, хизматгорон ва посбонон гулхан даргиронда, дар гирди он худро гарм мекарданд. Петрус низ дар паҳлӯи онҳо истода, худро гарм мекард.

Исоро пурсуҷӯ кардани сарвари рӯҳониён

19 Сарвари рӯҳониён аз Исо дар бораи шогирдон ва таълимоти Ӯ пурсуҷӯ кард. 20 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман дар пеши ҳама ошкоро сухан гуфтаам. Ман доимо дар ибодатхонаҳо ва дар Хонаи Худо, ки ҳамаи мардум ҷамъ мешаванд, таълим медодам ва пинҳонӣ чизе нагуфтаам. 21 Пас, чаро шумо аз Ман мепурсед? Аз шунавандагон бипурсед, ки Ман дар бораи чӣ ба онҳо гуфтаам. Онҳо медонанд, ки Ман чӣ гуфтаам». 22 Ҳангоме ки Ӯ ин суханонро гуфт, яке аз посбонони дар паҳлӯяш истода Исоро торсакӣ зада, гуфт: «Ту чӣ тавр ба сарвари рӯҳониён гап гардонда метавонӣ?» 23 «Агар чизе нодуруст гуфта бошам, бигӯ, ки хатои Ман дар чист,- ҷавоб дод Исо. - Вале агар дуруст гуфта бошам, чаро Маро мезанӣ?»
24 Он гоҳ Ҳонон Исои дастбастаро ба назди Қаёфои сарвари рӯҳониён фиристод.

Бори дигар Исоро инкор кардани Петрус

25 Шимъӯни Петрус бошад, дар ҷои пештарааш истода, худро гарм мекард. Аз ӯ пурсиданд: «Магар ту ҳам аз шогирдони Ӯ нестӣ?» Вале Петрус инро инкор карда, «не» ҷавоб дод. 26 «Магар туро дар боғ бо Ӯ надида будам?»- гуфт яке аз хизматгорони сарвари рӯҳониён, хеши ҳамон касе, ки гӯшашро Петрус бурида буд. 27 Петрус боз инкор кард. Ҳамон лаҳза хурӯс ҷеғ зад.

Исо дар назди Пилотус

28 Пагоҳии барвақт Исоро аз назди Қаёфо ба қасри ҳокими румӣ бурданд. Онҳое, ки Ӯро оварданд, ба хотири он ки ҳаром нашаванду хӯроки иди Балогардонро хӯрда тавонанд, ба қаср надаромаданд. 29 Пас, Пилотус ба назди онҳо баромада, гуфт: «Айби ин одам дар чист?» 30 Онҳо ҷавоб доданд: «Агар Ӯ ҷинояткор намебуд, магар ба дасти шумо месупоридем?» 31 «Худатон Ӯро гирифта аз рӯи қонунатон ҳукм кунед»,- гуфт ба онҳо Пилотус. «Ба мо раво нест, ки касеро ба қатл расонем»,- ҷавоб доданд роҳбарони яҳудӣ. 32 (Ҳамаи ин барои он рӯй дод, то суханони Исо, ки дар бораи тарзи маргаш гуфта буд, иҷро шаванд).
33 Пилотус ба қаср баргашт ва Исоро ҷеғ зада гуфт: «Оё Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» 34 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ту ин саволро аз худат мегӯӣ ё дигарон дар бораи Ман ба ту гуфтанд?» 35 Пилотус ҷавоб дод: «Магар ман яҳудӣ ҳастам? Халқ ва сардорони рӯҳонии худат Туро дошта, ба дасти ман супориданд. Ту чӣ кор кардӣ?» 36 Исо гуфт: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест. Агар подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон мебуд, одамони зеридастам меҷангиданд, то ки Ман ба дасти ҳукуматдорони яҳудӣ таслим нашавам. Не, подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест». 37 «Пас, Ту Шоҳ ҳастӣ?» - пурсид аз Ӯ Пилотус. Исо ҷавоб дод: «Ту мегӯӣ, ки Ман подшоҳ ҳастам. Ман барои он таваллуд шуда ба ин ҷаҳон омадам, ки шоҳиди ростӣ бошам. Ҳар кӣ тарафдори ростӣ бошад, Маро гӯш мекунад». 38 «Ростӣ чист?» - пурсид аз Ӯ Пилотус.

Ба марг ҳукм шудани Исо

Ин суханонро гуфта, Пилотус боз ба назди яҳудиён баромаду гуфт: «Ман дар Ӯ ҳеҷ айберо наёфтам. 39 Лекин шумо як анъана доред, ки ҳар иди Балогардон ман бароятон як зиндониро озод мекунам. Мехоҳед, ки бароятон Шоҳи Яҳудиёнро озод кунам?» 40 «Не!- дод зада ҷавоб доданд онҳо. - Ба ҷои Ӯ Бараббосро озод кун!» Бараббос як марди роҳзан буд.