(1-6)   (13-18)   (19-21)
Хушхабар аз Юҳанно (7-12)

Каломи ҳаёт

1 Дар ибтидо Калом буд ва ин Калом бо Худо буд ва Калом Худо буд. 2 Вай дар аввал бо Худо буд 3 ва ҳама чиз ба воситаи Ӯ офарида шуду бе Ӯ ҳеҷ чизе аз офариниш пайдо нашуд. 4 Дар Ӯ ҳаёт буд ва ин ҳаёт барои одамон равшанӣ буд.
5 Равшанӣ дар торикӣ медурахшад ва торикӣ онро фаро гирифта наметавонад.
6 Марде бо номи Яҳё аз тарафи Худо фиристода мешавад, 7 ки дар бораи равшанӣ шаҳодат диҳаду ҳама ба воситаи Ӯ имон оваранд. 8 Яҳё худ равшанӣ набуд, вале барои он омад, ки дар бораи равшанӣ шаҳодат диҳад. 9 Он равшании ҳақиқие, ки ба ҳамаи одамон медурахшад, ба ҷаҳон омаданӣ буд.
10 Калом дар ҷаҳон буд ва мардуми ҷаҳон ба воситаи Ӯ офарида шуда бошанд ҳам, Ӯро нашинохтанд. 11 Вай ба назди қавмаш омад, вале онҳо Ӯро қабул накарданд. 12 Аммо ба касоне, ки Ӯро қабул карданд ва ба Ӯ имон оварданд, ҳуқуқ дод, ки фарзандони Худо шаванд. 13 Онҳо на ба таври табиӣ ва на аз рӯи хоҳиши инсонӣ, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.

14 Инак, Калом инсон шуд ва дар миёни мо истиқомат дошт. Мо шӯҳрату ҷалоли Ӯро дидем, ки мисли ҷалоли фарзанди ягонаи Падар пур аз марҳамату ростӣ буд. 15 Яҳё дар бораи Ӯ шаҳодат доду бо овози баланд гуфт: «Ман Ӯро дар назар дошта ба шумо гуфта будам, ки баъд аз ман каси аз ман бузургтаре меояд, чунки Вай пеш аз ман вуҷуд дошт».
16 Аз фаровонии файзи Ӯ ҳамаи мо баракат аз паси баракат ёфтаем. 17 Худо шариатро ба воситаи Мӯсо додааст, вале файзу ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад. 18 Худоро ҳеҷ гоҳ касе надидааст. Ӯро фақат Писари яккаву ягона, ки ҳамеша бо Падар аст, барои мо ошкор кардааст.

Шаҳодати Яҳёи Таъмиддиҳанда

19-20 Вақте роҳбарони яҳудӣ аз Ерусалим ба назди Яҳё чанд нафар рӯҳониён ва левизодагонро фиристоданд, то аз ӯ кӣ буданашро бипурсанд, Яҳё аз ҷавоб рӯ нагардонду ошкоро эълон карда, чунин шаҳодат дод: «Ман Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо нестам». 21 Онҳо боз пурсиданд: «Пас, шумо кистед? Оё Илёс пайғамбаред?» «Не»,- ҷавоб дод ӯ. «Ё ҳамон пайғамбаред, ки мунтазираш ҳастем?» «Не»,- гуфт ӯ. 22 Онҳо пурсиши худро давом доданд: «Охир, шумо кистед? Мо бояд ба касоне, ки моро фиристодаанд, ҷавоб диҳем. Шумо дар бораи худ чӣ мегӯед?» 23 Яҳё бо суханоне, ки Ишаъё пайғамбар гуфта буд, ҷавоб дод:
«Ман касе ҳастам, ки дар биёбон фарёд зада мегӯяд:
„Барои Худованд роҳро рост намоед!”».

24 Аз тарафи фарисиён низ фиристодашудагоне буданд, 25 ки аз ӯ пурсиданд: «Модоме ки шумо на Таъиншудаи Худо, на Илёс ва на ҳамон пайғамбаре ҳастед, ки дар мунтазираш ҳастем, пас чаро мардумро таъмид медиҳед?» 26-27 «Ман бо об таъмид медиҳам,- ҷавоб дод Яҳё. - Вале дар байни шумо шахсе ҳаст, ки баъд аз ман меояд ва ман ҳатто лоиқи он нестам, ки банди пойафзолашро кушоям. Шумо Ӯро намешиносед». 28 Ҳамаи ин воқеа дар Байт-Ҳино, дар соҳили дигари дарёи Урдун ба амал омад, ки Яҳё дар он ҷо мардумро таъмид медод.

Барраи Худо


29 Рӯзи дигар Яҳё ба наздаш омада истодани Исоро дида, гуфт: «Ана ин аст Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад! 30 Ман дар бораи Ӯ гуфта будам, ки аз паси ман касе меояд, ки аз ман бузургтар аст, зеро пеш аз ман вуҷуд дошт. 31 Худи ман Ӯро намешинохтам, вале барои ҳамин омада, бо об таъмид додам, ки Ӯ барои мардуми Исроил маълум гардад». 32 Баъд шаҳодат дода гуфт: «Ман дидам, ки Рӯҳи Муқаддас монанди кабӯтар аз осмон фаромада, бар Ӯ қарор гирифт. 33 Худи ман Ӯро намешинохтам, вале Худо, ки маро барои бо об таъмид додан фиристод, ба ман гуфта буд: „Бар касе бинӣ, ки Рӯҳ бар Ӯ фаромада қарор мегирад, бидон, ки Вай ҳамон касест, ки бо Рӯҳи Муқаддас таъмид медиҳад”. 34 Ман инро дидам ва шаҳодат медиҳам, ки Ӯ Писари Худост».

Шогирдони аввалини Исо

35 Рӯзи дигар Яҳё бо ду нафар шогирди худ боз дар ҳамон ҷо меистод 36 ва Исои аз роҳ гузашта истодаро дида, гуфт: «Ана Ӯ Барраи Худо аст!» 37 Он ду шогирд суханонашро шунида, аз паси Исо равона шуданд. 38 Вақте Исо ба ақибаш нигоҳ карда дид, ки онҳо аз паси Ӯ меоянд, ба онҳо гуфт: «Шумо чиро мекобед?» Онҳо дар ҷавоб пурсиданд: «Раббӣ! Шумо дар куҷо зиндагӣ мекунед? (Маънои калимаи «Раббӣ» устод аст)». 39 Ӯ гуфт: «Рафтем, мебинед».
Вақте ки онҳо ҳамроҳаш рафта, ҷои истиқомати Ӯро диданд, соат қариби чори бегоҳ буд ва онҳо ҳамон рӯз бо Ӯ монданд.

40 Яке аз он ду нафар, ки суханони Яҳёро шунида, аз паси Исо равона шуд, Андриёс, бародари Шимъӯни Петрус буд. 41 Ӯ аввал бародари худ Шимъӯнро ёфта ба ӯ гуфт: «Мо Масеҳро ёфтем» (Маънои калимаи «Масеҳ» Таъиншудаи Худо аст). 42 Андриёс Шимъӯни Петрусро ба назди Исо овард. Исо бо диққат ба ӯ нигоҳ карда гуфт: «Ту Шимъӯн, писари Юҳанно ҳастӣ. Аммо аз ин баъд Кифо номида мешавӣ» (Калимаи Петрус бо юнонӣ ва Кифо бо арамеӣ — маънои ҳардуяш ҳам «санг» аст).
43 Рӯзи дигар Исо қарор дод, ки ба Ҷалил биравад. Ӯ Филиппусро ёфта, гуфт, ки аз пасаш биёяд. 44 Филиппус ҳам монанди Андриёс ва Петрус яке аз сокинони Байт-Сайдо буд. 45 Филиппус, дар навбати худ, Натаноилро ёфта, ба ӯ гуфт: «Мо он касеро ёфтем, ки дар борааш Мӯсо дар шариат ва пайғамбарон дар гуфтаҳои худ навишта буданд! Ин Исои писари Юсуф, аз аҳли Носира аст». 46 «Аз Носира? Магар аз Носира чизи хубе баромада метавонад?»- гуфт Натаноил. Филиппус ҷавоб дод: «Рафтем ва худат мебинӣ».

47 Исо Натаноили ба наздаш омада истодаро дида, дар бораи ӯ гуфт: «Ана ин исроилии ҳақиқист, ки дар дил макре надорад». 48 «Ту маро аз куҷо мешиносӣ?»- пурсид Натаноил. Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Ҳанӯз, пеш аз он ки Филиппус туро фарёд кунад, Ман туро дар зери дарахти анҷир дидам». 49 «Устод, Ту Писари Худо ва Подшоҳи Исроил ҳастӣ!» - гуфт Натаноил. 50 Исо ҷавоб дод: «Магар ту барои он имон овардӣ, ки „туро дар зери дарахти анҷир дида будам” гуфтам? Ту корҳои аз ин ҳам бузургтарро мебинӣ. 51 Ба шумо рост мегӯям, ки баъд аз ин шумо осмонро кушода ва ба пеши Фарзанди Инсон фаромадану боло баромадани фариштагони Худоро хоҳед дид».





Тӯй дар Қанои Ҷалил

1 Рӯзи сеюм дар шаҳри Қанои Ҷалил тӯи арӯсӣ буд ва модари Исо дар он ҷо иштирок дошт. 2 Исо низ бо шогирдони худ ба тӯй даъват шуда буд. 3 Вақте ки шароб тамом шуд, модари Исо ба Вай гуфт: «Инҳо шароб надоранд». 4 «Ин ба мо чӣ дахл дорад, модар! - ҷавоб дод ба ӯ Исо.- Вақту соати Ман ҳанӯз нарасидааст». 5 Модари Ӯ ба хизматгорон гуфт: «Ҳар чӣ Вай ба шумо бигӯяд, бикунед».
6 Дар он ҷо шаш кӯзаи сангин барои об буд, ки аз рӯи урфу одати яҳудиён онро барои расму таомули покшавӣ истифода мебурданд. Ҳар кадоми онҳо аз ҳафтод то яксаду даҳ литр ғунҷоиш дошт. 7 Исо ба хизматгорон гуфт: «Кӯзаҳоро аз об пур кунед». Хизматгорон онҳоро лабрез карданд. 8 «Акнун аз он гирифта, ба роҳбари тӯй баред»,- гуфт ба онҳо Исо. Онҳо бурданд. 9 Роҳбари тӯй аз куҷо будани шаробро намедонист, фақат хизматгороне, ки аз кӯза об гирифтанд, аз ин огоҳ буданд. Роҳбари тӯй оби ба шароб табдилшударо чашида, домодро ба назди худ даъват карду 10 ба ӯ гуфт: «Ҳар кас аввал шароби хушсифатро оварда мегузораду баъд, вақте ки меҳмонон бисёр нӯшиданд, шароби пастсифатро меорад, аммо ту шароби хушсифатро то ҳол нигоҳ доштаӣ».
11 Ҳамин тавр Исо дар Қанои Ҷалил нишонаи аввалини шӯҳрату ҷалоли худро зоҳир кард ва шогирдонаш ба Ӯ имон оварданд.
12 Баъд аз он Исо ба шаҳри Кафарнаҳум рафт. Модари Исо, бародарон ва шогирдонаш ҳам ҳамроҳи Ӯ буданд. Онҳо дар он ҷо якчанд рӯз монданд.

Хонаи Худоро пок кардани Исо

13 Рӯзи иди Балогардони яҳудиён наздик омад ва Исо ба Ерусалим рафт. 14 Ӯ дар Хонаи Худо шахсонеро дид, ки бо фурӯши барзагов, гӯсфанд ва кабӯтар машғул буданд. Пуливазкунандагон низ дар сари мизҳои худ нишаста буданд. 15 Исо аз таноб қамчин сохта, ҳамаи онҳоро бо барзагову гӯсфандонашон аз Хонаи Худо берун ронду мизҳои пуливазкунандагонро чаппа ва пулҳояшонро пароканда кард. 16 Ба кабӯтарфурӯшон бошад, гуфт: «Инҳоро аз ин ҷо бардошта дур кунед! Хонаи Падари Маро ба тиҷоратхона табдил надиҳед!»

17 Шогирдони Ӯ ба ёд оварданд, ки дар навиштаҷот чунин гуфта шудааст: «Оташи ҳавасмандӣ ба Хонаи Ту дар дилам аланга мезанад».
18 Он гоҳ роҳбарони яҳудӣ аз Ӯ пурсиданд: «Бо кадом нишона ҳақ будани ин рафторатро исбот мекунӣ?» 19 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин Хонаи Худоро вайрон кунед ва Ман онро дар муддати се рӯз аз нав барпо мекунам». 20 «Ин Хонаи Худо дар давоми чилу шаш сол сохта шуда буд. Ту бошӣ, онро дар муддати се рӯз аз нав барпо кардан мехоҳӣ?!»- гуфтанд онҳо. 21 Аммо Ӯ «Хонаи Худо» гуфта бадани худро дар назар дошт. 22 Аз ин рӯ, вақте ки Ӯ аз мурдагон зинда шуд, шогирдонаш ин суханони Ӯро ба хотир оварданд ва ба навиштаҷоту гуфтаҳои Исо имон оварданд.

23 Дар он рӯзҳои иди Балогардон, ки Исо дар Ерусалим буд, мардуми бисёре мӯъҷизаҳои Ӯро дида ба Ӯ имон оварданд. 24 Аммо худи Исо ба ҳеҷ кас дилашро накушод, чунки аз дили ҳамаи онҳо бохабар буд. 25 Бинобар ин Ӯ мӯҳтоҷи он набуд, ки касе ба Ӯ дар бораи одамон шоҳидӣ диҳад. Ӯ худ медонист, ки дар дили инсон чӣ ҳаст.


Сӯҳбати Исо бо Ниқодимус

1 Дар байни роҳбарони қавми яҳудӣ аз фирқаи фарисиён Ниқодимус ном марде буд. 2 Ӯ шабона назди Исо омада гуфт: «Устод, мо медонем, ки Шумо аз тарафи Худо фиристодашуда ҳастед. Чунки, агар Худо бо касе набошад, ӯ чунин мӯъҷизаҳоеро, ки Шумо нишон додаед, ба амал оварда наметавонад». 3 Исо дар ҷавоб ба ӯ гуфт: «Ба ту рост мегӯям, то касе аз нав таваллуд наёбад, ҳаргиз подшоҳии Худоро дида наметавонад». 4 «Чӣ тавр одами солхӯрда аз нав таваллуд ёфта метавонад?- пурсид аз Ӯ Ниқодимус.- Магар ӯ метавонад ба шиками модараш баргашта, дубора таваллуд шавад?»
5 Исо ҷавоб дод: «Ба ту рост мегӯям, агар касе аз об ва Рӯҳ таваллуд нашавад, ба подшоҳии Худо дохил шуда наметавонад. 6 Он чӣ аз ҷисм таваллуд мешавад, ҷисм аст ва он чӣ аз Рӯҳ таваллуд мешавад, рӯҳ аст. 7 Аз он ки ба ту „Шумо бояд аз нав таваллуд ёбед” гуфтам ҳайрон нашав. 8 Бод* ҳар ҷо ки хоҳад, мевазад. Ту садои онро мешунавӣ, аммо намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад. Бо ҳар касе, ки аз Рӯҳ таваллуд меёбад, ана ҳамин тавр мешавад». 9 Ниқодимус пурсид: «Ин чӣ хел мешавад?»
10 Исо дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ту устоди мардуми Исроил ҳастӣ ва магар ин чизҳоро намедонӣ? 11 Ба ту рост мегӯям, Ман чизи медонистагиамро мегӯям ва дар бораи чизи дидагиам шоҳидӣ медиҳам, аммо шумо шаҳодати Маро қабул намекунед. 12 Агар шумо ба чизҳои заминие, ки дар бораашон ба шумо гуфтам, бовар накунед, пас, вақте ки дар бораи чизҳои осмонӣ мегӯям, ба Ман чӣ тавр бовар мекунед? 13 Ғайр аз Фарзанди Инсон, ки аз осмон фаромадааст, ҳеҷ каси дигар ба осмон набаромадааст.

14 Чӣ тавре ки Мӯсо дар биёбон морро боло бардошта буд, ҳамон тавр Фарзанди Инсон ҳам бояд боло бардошта шавад, 15 то ҳар касе, ки ба Ӯ имон меоварад, ҳаёти абадӣ ёбад. 16 Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, намирад, балки ҳаёти абадӣ дошта бошад. 17 Зеро Худо Писарро на барои ҳукм кардани ҷаҳон фиристод, балки барои он, ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад.
18 Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳукм карда намешавад, аммо ҳар кӣ имон наоварад, аллакай ҳукм карда шудааст, чунки ба номи Писари ягонаи Худо имон наовардааст. 19 Ана ҳукм аз чӣ иборат аст: равшанӣ ба ҷаҳон омад, вале мардум торикиро аз рӯшноӣ зиёдтар дӯст доштанд, чунки корҳои онҳо бад аст. 20 Ҳар касе, ки кори бад мекунад, аз равшанӣ нафрат дорад ва барои он ки корҳои бади ӯ ошкор нашаванд, ба сӯи рӯшноӣ намеояд. 21 Аммо ҳар касе ки кори дуруст мекунад, ба сӯи рӯшноӣ меояд, то корҳои бо ёрии Худо кардааш ошкор шаванд».

Исо ва Яҳё

22 Баъд аз он Исо бо шогирдони худ ба сарзамини Яҳудия рафта, ҳамроҳи онҳо дар он ҷо монда, мардумро таъмид дод.
23 Яҳё бошад, ин вақт дар Энони наздики Солим, ки дар он ҷо об фаровон буд, ба таъмид додан машғул буд. Мардум ба назди ӯ меомаданду таъмид мегирифтанд. 24 Он вақт Яҳёро ҳанӯз ба зиндон наандохта буданд.
25 Боре дар байни шогирдони Яҳё ва як нафар аз яҳудиён дар бораи расму таомули покшавӣ баҳс барпо шуд. 26 Онҳо ба назди Яҳё омада, ба ӯ гуфтанд: «Устод, он касе, ки дар соҳили шарқии Урдун бо шумо буд ва шумо дар борааш шаҳодат дода будед, Ӯ ҳам таъмид дода истодааст ва ҳама пеши Ӯ мераванд!» 27 Яҳё ҷавоб дод: «Инсон фақат он чизро дошта метавонад, ки аз осмон ба ӯ бахшида шудааст. 28 Шумо худатон тасдиқ карда метавонед, ки „Ман Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо нестам” гуфта будам, аммо пеш аз Ӯ фиристода шудаам. 29 Домод соҳиби арӯс аст ва дӯсти домод бошад, дар паҳлӯи ӯ истода, овози домодро шунида хурсанд мешавад. Ҳамин тавр шодии ман пурра шуд. 30 Ӯ бояд боз ҳам бузургтар шавад, аммо ман боз ҳам хурдтар.

31 Касе ки аз боло меояд, аз ҳама бузургтар аст. Касе ки аз замин аст, худ заминист ва чун заминӣ сухан мегӯяд. Аммо, касе ки аз осмон меояд, аз ҳама болотар аст. 32 Ӯ дар бораи он чӣ худ дидаасту шунидааст, шоҳидӣ медиҳад, аммо шоҳидии Ӯро ҳеҷ кас қабул намекунад. 33 Вале ҳар кас ки шоҳидии Ӯро қабул мекунад, бо ин тасдиқ мекунад, ки Худо ҳамеша ҳақ аст. 34 Фиристодашудаи Худо суханони Худоро мегӯяд, чунки Худо Рӯҳашро бе меъёр мебахшад. 35 Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ӯ супоридааст. 36 Ҳар кӣ ба Писар имон меоварад, соҳиби ҳаёти абадӣ мешавад, аммо ҳар кӣ ба Писар итоат намекунад, ҳеҷ гоҳ ҳаёт нахоҳад дид ва гирифтори ғазаби Худо мегардад».


Сӯҳбати Исо бо зани сомарӣ

1 Вақте Исо фаҳмид, ки ба гӯши фарисиён хабар расидааст, ки Ӯ аз Яҳё бештар шогирд дорад ва бештар мардумро таъмид медиҳад, 2 ҳол он ки мардумро шогирдонаш таъмид медоданд, 3 Ӯ Яҳудияро тарк карда, боз ба сӯи Ҷалил раҳсипор шуд. 4 Роҳи Ӯ аз вилояти Сомарӣ мегузашт. 5 Инак, Исо ба Суҳор ном шаҳри Сомарӣ омада расид, ки он дар наздикии заминест, ки Ёқуб ба писари худ Юсуф дода буд. 6 Дар он ҷо чоҳи Ёқуб буд. Исо аз сафар монда шуда, барои дам гирифтан дар канори чоҳ нишаст. Вақт қариби нисфирӯзӣ буд. 7-8 Шогирдони Ӯ барои харидани хӯрокворӣ ба шаҳр рафтанд.


Ҳамин вақт як зани сомарӣ барои об ба сари чоҳ омад. Исо ба зан гуфт: «Барои нӯшиданам об деҳ». 9 «Чӣ тавр Шумо, ки яҳудӣ ҳастед, аз мани сомарӣ об мепурсед?»- гуфт ба Ӯ зани сомарӣ. (Гап дар сари он аст, ки яҳудиён бо сомариён рафтуомад надоранд). 10 Исо ҷавоб дод: «Агар ту медонистӣ, ки Худованд чӣ чизро ато мекунад ва касе ки ба ту „Барои нӯшиданам об деҳ” мегӯяд, кист, ту худат аз Ӯ об хоҳиш мекардӣ ва Ӯ ба ту оби ҳаёт медод». 11 Зан ба Ӯ мегӯяд: «Хоҷаам, Шумо сатил надоред, чоҳ бошад, чуқур аст. Пас, аз куҷо оби ҳаёт мегиред? 12 Магар Шумо аз аҷдоди мо Ёқуб, ки ин чоҳро ба мо дод ва аз он худаш, писаронаш ва чорвояш об менӯшиданд, бузургтар ҳастед?»
13 Исо ҷавоб дод: «Ҳар касе ки аз ин об нӯшад, боз ташна хоҳад шуд. 14 Аммо ҳар кӣ аз обе, ки Ман ба ӯ медиҳам, бинӯшад, ҳеҷ гоҳ ташна нахоҳад шуд. Обе, ки Ман ба ӯ медиҳам, аз даруни ӯ мисли ҷорӣ шудани оби ҳаёти абадӣ мешавад».
15 Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, ба ман аз ин об диҳед, ки дигар ташна нашавам ва барои об ба ин чоҳ наоям!» 16 Исо ба ӯ гуфт: «Рафта, шавҳаратро ҷеғ зада биё». 17 «Ман шавҳар надорам»,- ҷавоб дод зан.

Исо ба ӯ гуфт: «Рост гуфтӣ, ки шавҳар надорӣ. 18 Ту панҷ шавҳар доштӣ ва он марде, ки бо ӯ ҳоло зиндагӣ мекунӣ, шавҳари ту нест. Ту рост гуфтӣ». 19 Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, мебинам, ки Шумо пайғамбар ҳастед. 20 Аҷдодони мо дар сари ин кӯҳ ибодат мекарданд, аммо шумо, яҳудиён мегӯед, ки одамон бояд дар Ерусалим ибодат кунанд». 21 Исо ба ӯ дар ҷавоб гуфт: «Эй зан, ба Ман бовар кун, ки вақту соате фаро мерасад, ки ба Падари осмонӣ на дар сари ин кӯҳ ва на дар Ерусалим саҷда хоҳед кард. 22 Шумо, сомариён намедонед, ки ба чӣ саҷда мекунед, аммо мо медонем, ки ба кӣ саҷда мекунем, зеро наҷот ба воситаи яҳудиён меояд. 23 Вале вақту соате меояд ва аллакай фаро расидааст, ки саҷдакунандагони ҳақиқӣ ба Падар дар рӯҳ ва ростӣ саҷда мекунанд, зеро Падар барои худ чунин саҷдакунандагонро меҷӯяд! 24 Худо рӯҳ аст ва онҳое, ки ба Ӯ саҷда мекунанд, бояд дар рӯҳ ва ростӣ саҷда кунанд».
25 Зан ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки Таъиншудаи Худо бояд биёяд. Вақте ки Ӯ меояд, ҳама чизро ба мо баён мекунад». 26 «Он кас Манам, ки бо ту сӯҳбат мекунам»,- ҷавоб дод Исо.

27 Ҳамин вақт шогирдони Исо аз шаҳр баргашта, ҳайрон монданд, ки Исо бо зане сӯҳбат мекунад. Лекин касе напурсид, ки Исо чӣ мехоҳад ё чаро бо он зан сӯҳбат мекунад. 28 Зан кӯзаи худро монду ба шаҳр рафта, ба мардум гуфт: 29 «Рафтем, шахсеро мебинед, ки ҳар кори дар зиндагӣ кардаамро ба ман як ба як гуфт. Шояд Ӯ Таъиншудаи Худо бошад?»
30 Он гоҳ мардум аз шаҳр баромада ба назди Исо омаданд. 31 Дар ин миён шогирдон аз Исо хоҳиш карда гуфтанд: «Устод, ягон чиз хӯред!» 32 Исо ҷавоб дода гуфт: «Ман хӯроке дорам, ки шумо аз он бехабаред». 33 Шогирдон боз ба ҳамдигар гуфтанд: «Шояд касе ба Ӯ хӯрок оварда бошад?» 34 Исо ба онҳо гуфт: «Хӯроки Ман иҷро кардани хости Фиристандаам ва ба анҷом расондани корҳои ӯст. 35 Магар шумо намегӯед, ки „Баъд аз чор моҳи дигар мавсими дарав фаро мерасад?”. Аммо Ман ба шумо мегӯям, ки чашмонатонро кушода, ба киштзор нигоҳ кунед, ки он чӣ гуна пухта расида, барои дарав тайёр шудааст! 36 Даравгар ҳам музди худро мегирад ва ҳам барои ҳаёти абадӣ ҳосил ҷамъ мекунад, то ки ҳам коранда ва ҳам даравгар якҷоя хурсанд шаванд. 37 Ин ҷо чунин сухан бамаврид аст: „Яке мекораду дигаре медаравад”. 38 Ман шуморо барои даравидани ҳосиле фиристодам, ки шумо барои он заҳмат накашидаед, дигарон заҳмат кашидаанд, аммо шумо ба маҳсули меҳнати онҳо шарик шудаед».
39 Мардуми зиёде аз сомариёни ин шаҳр ба туфайли суханони он зан, ки «ҳар кори дар зиндагӣ кардаамро ба ман як ба як баён кард» гуфта буд, ба Исо имон оварданд.
40 Вақте ки сомариён ба назди Исо омада, аз Ӯ хоҳиш карданд, ки ҳамроҳи онҳо бимонад, Ӯ ду рӯз дар он ҷо монд. 41 Он гоҳ шумораи зиёдтари мардум ба Исо аз рӯи суханони худи Ӯ имон оварданд. 42 Онҳо ба он зан гуфтанд: «Акнун мо на аз барои суханони ту имон меоварем, балки худамон суханҳояшро шунида фаҳмидем, ки Вай ҳақиқатан Наҷотдиҳандаи ҷаҳон аст».

Шифо ёфтани писари амалдор

43 Баъд аз ду рӯз Исо аз он ҷо баромада, ба Ҷалил рафт. 44 Ӯ худ шоҳидӣ медод, ки пайғамбар дар диёри худ қадр надорад. 45 Аммо, вақте ки Ӯ ба Ҷалил омад, мардуми он ҷо Ӯро қабул карданд, чунки онҳо ҳангоми ҷашни ид дар Ерусалим буданд ва ҳамаи корҳоеро, ки Исо дар он ҷо карда буд, дида буданд.
46 Исо боз ба Қанои Ҷалил, ки пештар дар он ҷо обро ба шароб табдил дода буд, омад. Дар Кафарнаҳум писари як амалдори дарбор бемор буд. 47 Ин амалдор аз Яҳудия ба Ҷалил омадани Исоро шунида ба назди Ӯ омад ва илтиҷо кард, ки ба Кафарнаҳум омада, писари ӯро, ки дар дами марг буд, шифо бахшад. 48 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Шумо то ягон нишона ва мӯъҷизае набинед, имон намеоваред». 49 «Хоҷаам! Писарам ҳанӯз намурда биёед!»- гуфт амалдори дарбор. 50 Исо гуфт: «Ба хонаат баргард, писарат намемирад». Он мард ба суханони Исо имон оварда, сӯи хонааш раҳсипор шуд.
51 Ҳанӯз дар аснои роҳ хизматгоронаш ӯро пешвоз гирифта гуфтанд, ки писари ӯ зинда аст. 52 Амалдор аз онҳо пурсид, ки дар кадом соат ҳолаш хуб шуд. Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Табаш дирӯз соати яки рӯз паст шуд». 53 Он гоҳ падари бача фаҳмид, ки ин ҳамон соат рӯй дод, ки Исо ба ӯ «Писарат намемирад» гуфта буд. Пас ӯ бо тамоми аҳли хонаводааш ба Исо имон оварданд. 54 Ин мӯъҷизаи дуюме буд, ки Исо баъди аз Яҳудия ба Ҷалил баргаштанаш нишон дода буд.




Шифо ёфтани мард дар назди ҳавз

1 Баъд аз он айёми иди яҳудиён буду Исо ба Ерусалим рафт. 2 Дар Ерусалим дар наздикии Дарвозаи Гӯсфандон ҳавзе буд, ки ба забони ибронӣ Байт-Ҳасдо номида мешуд. Он панҷ айвон дошту 3-4 шумораи зиёди беморон: кӯрҳо, лангҳо ва шалҳо дар он ҷо мехобиданд.* 5 Дар он ҷо инчунин марде мехобид, ки сию ҳашт сол боз гирифтори беморӣ буд. 6 Вақте Исо дид, ки ӯ дар он ҷо хобидааст ва фаҳмид, ки вай муддати дароз бемор аст, аз вай пурсид: «Мехоҳӣ сиҳат шавӣ?» 7 «Хоҷаам,- ҷавоб дод бемор,- ман касе надорам, ки ҳангоми ба талотум омадани об маро ба ҳавз андозад. То ман наздик меоям ки, каси дигар аллакай аз ман пештар ба ҳавз медарояд». 8 Исо ба ӯ гуфт: «Бархез, ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард!» 9 Он мард фавран сиҳат шуда, ҷойгаҳи худро бардошта рафт.
 
Он рӯз рӯзи истироҳат буд. 10 Аз ин сабаб роҳбарони яҳудӣ ба марди шифоёфта гуфтанд: «Имрӯз рӯзи истироҳат аст, бинобар ин раво нест, ки ҷойгаҳатро бардошта барӣ!» 11 «Касе, ки маро шифо дод, ба ман „Ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард” гуфт»,- ҷавоб дод ӯ. 12 Онҳо аз ӯ пурсиданд: «Кадом одам ба ту „Ҷойгаҳатро бардошта роҳ гард” гуфт?» 13 Аммо марди шифоёфта намедонист, ки Вай кӣ буд, чунки Исо дар байни мардуми онҷобуда аз назар ғоиб шуд.
14 Пас аз он Исо ӯро дар Хонаи Худо дида гуфт: «Гӯш кун, акнун ту шифо ёфтӣ. Дигар гуноҳ накун, то ба чизи бадтаре дучор нашавӣ». 15 Он мард ба назди роҳбарони яҳудӣ рафта, гуфт, ки ӯро Исо шифо додааст. 16 Азбаски Исо чунин корҳоро дар рӯзи истироҳат мекард, яҳудиён аз дунболи Ӯ афтоданд. 17 Аммо Исо ба онҳо ҷавоб дода гуфт: «Падари Ман ҳамеша кор мекунад ва Ман низ ҳамеша кор мекунам». 18 Бинобар ин дар роҳбарони яҳудӣ нияти куштани Исо боз зиёдтар шуд, чунки Ӯ на танҳо қоидаи рӯзи истироҳатро вайрон мекард, балки Худоро боз Падари худ номида, бо ҳамин худро бо Худо баробар мекард.

Ихтиёри Писар

19 Аммо Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, Писар бо ихтиёри худ ҳеҷ кореро карда наметавонад, фақат он чӣ мебинад, ки Падар мекунад, Писар низ мекунад. Ҳар чӣ Падар мекунад, ҳамонро Писар ҳам мекунад. 20 Азбаски Падар Писарро дӯст медорад, ҳар чиро ки худ мекунад, ба Ӯ низ нишон медиҳад. Вай ба Писар аз ин ҳам корҳои бузургтарро нишон медиҳад, ки ҳамаи шумо ба ҳайрат меафтед. 21 Ҳамон тавр ки Падар мурдагонро зинда мекунад ва ба онҳо ҳаёт мебахшад, ҳамчунин Писар, ба ҳар кӣ хоҳад, ҳаёт мебахшад. 22 Зеро Падар ҳеҷ касро ҳукм намекунад, балки ҳукм карданро пурра ба Писар супоридааст, 23 то ҳама Писарро ҳамон тавр эҳтиром кунанд, ки Падарро эҳтиром мекунанд. Касе, ки Писарро эҳтиром намекунад, Падарро ҳам, ки фиристандаи ӯст, эҳтиром намекунад.
24 Ба шумо рост мегӯям, ҳар кӣ сухани Маро мешунавад ва ба фиристандаи Ман имон меоварад, соҳиби ҳаёти абадӣ мебошад. Ӯ ҳукм карда намешавад, балки аллакай аз марг ба ҳаёт гузаштааст. 25 Ба шумо рост мегӯям, вақту соате меояд ва аллакай фаро расидааст, ки мурдагон садои Писари Худоро мешунаванд ва ҳар касе, ки Ӯро бишнавад, зинда мешавад. 26 Чунон ки Падар сарчашмаи ҳаёт аст, Писарро низ сарчашмаи ҳаёт кардааст. 27 Инчунин Ӯ ба Писар қудрати ҳукм карданро додааст, зеро Писар Фарзанди Инсон аст. 28-29 Аз ин дар ҳайрат намонед, чунки вақту соате фаро мерасад, ки ҳамаи мурдагон садои Ӯро шунида аз қабрҳояшон мебароянд. Онҳо, ки некӣ карда буданд, барои ҳаёт ва онҳое, ки бадӣ карда буданд, барои маҳкум шудан бармехезанд.
30 Ман наметавонам ба ихтиёри худ кореро иҷро кунам: Ман он чӣ бишнавам, ҳамон тавр ҳукм мекунам ва ҳукми Ман одилона аст, зеро Ман на хости худамро, балки хости фиристандаамро иҷро кардан мехоҳам.

Шоҳидони Исо

31 Агар Ман дар бораи худ шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман эътибор надорад. 32 Аммо Ман шоҳиди дигаре дорам ва медонам, ки шоҳидии ӯ дар бораи Ман ҳаққонист. 33 Шумо одамони худро ба назди Яҳё фиристодед ва ӯ дар бораи ростӣ шаҳодат дод. 34 Дар воқеъ, Ман мӯҳтоҷи шаҳодати инсон нестам, фақат ба хотири наҷоти шумо инро гуфтам. 35 Яҳё монанди чароғи фурӯзон дурахшанда буд ва шумо хостед, ки муддате ҳам бошад, дар равшании ӯ хурсандӣ кунед.
36 Вале Ман шаҳодати бузургтар аз он, ки Яҳё дода буд, дорам. Он корҳое, ки барои иҷро кардан Падар ба Ман супоридааст ва худи он корҳое, ки Ман ба ҷо меоварам, шоҳиди онанд, ки Маро Падар фиристодааст! 37 Ҳамин Падарам, ки Маро фиристодааст, дар бораи Ман шаҳодат медиҳад. Шумо тамоман на овозашро шунидаед ва на намуди Ӯро дидаед. 38 Каломи Ӯ дар дилҳои шумо нест, зеро шумо ба каси фиристодааш имон намеоваред. 39 Шумо навиштаҷотро меомӯзед ва фикр мекунед, ки дар он ҳаёти абадӣ меёбед. Вале он ҳам дар бораи Ман шаҳодат медиҳад. 40 Бо вуҷуди ин шумо намехоҳед, ки ба пеши Ман оеду ба ҳаёт соҳиб шавед.
41 Ман ба таърифи инсон мӯҳтоҷ нестам. 42 Ман медонам, ки шумо дар дилҳоятон муҳаббати Худоро надоред! 43 Ман назди шумо аз номи Падари худ омадаам ва шумо Маро қабул намекунед, вале агар каси дигар ба назди шумо аз номи худ биёяд, шумо ӯро қабул мекунед. 44 Агар шумо таърифи якдигарро маъқул донеду барои ҷустани таърифи Худои яккаву ягона кӯшиш накунед, чӣ тавр имон оварда метавонед?!
45 Гумон накунед, ки Ман шуморо дар пеши Падар айбдор мекунам, айбдоркунандаи шумо Мӯсо аст, ки ба ӯ умед мебандед! 46 Агар шумо ба Мӯсо имон медоштед, ба Ман ҳам имон меовардед, зеро ӯ дар бораи Ман навишта буд. 47 Вале, агар шумо ба он чӣ, ки ӯ навиштааст, имон наоваред, чӣ тавр ба суханони Ман бовар мекунед?»
 




Сер кардани панҷ ҳазор кас

1 Баъд аз ин Исо ба соҳили дигари кӯли Ҷалил, ки баҳри Табария низ номида мешавад, равона шуд. 2 Аз паси Ӯ мардуми бисёре рафтанд, зеро онҳо мӯъҷизаҳои Ӯро дар шифо додани беморон диданд. 3 Исо ба болои кӯҳ баромада, ҳамроҳи шогирдонаш дар ҳамон ҷо нишаст. 4 Айёми ҷашнгирии иди Балогардони яҳудиён наздик омада буд. 5 Исо ба атроф нигоҳ карду мардуми зиёди ба тарафаш омадаистодаро дида, ба Филиппус гуфт: «Барои сер кардани инҳо аз куҷо бояд нон харем?» 6 Ӯ хуб медонист, ки чӣ кор мекунад, аммо Филиппусро санҷиданӣ шуда ин суханонро гуфт. 7 Филиппус дар ҷавоб гуфт: «Ба дусад динор нон харем ҳам, ба ҳар кас ақаллан яклуқмагӣ намерасад».
8 Яке аз шогирдонаш, Андриёс, ки бародари Шимъӯни Петрус буд, ба Исо гуфт: 9 «Дар ин ҷо писарбачае ҳаст, ки панҷ нони ҷав ва ду моҳӣ дорад. Вале ба ин қадар мардуми зиёд вай чӣ мешавад?» 10 «Ба мардум гӯед, ки бишинанд»,- гуфт Исо. Дар он ҷо сабзазор буд. Шумораи ҳамаи нишастагон қариб панҷ ҳазор мард буд. 11 Исо нонро гирифта дуои шукрона хонду онро ба нишастагон тақсим карда дод. Баъд бо моҳиҳо ҳам чунин кард ва ба ҳама чӣ қадаре ки мехостанд, ҳамон қадар дод. 12 Вақте мардум сер шуданд, Исо ба шогирдони худ гуфт: «Нонпораҳои боқимондаро ҷамъ кунед, ки ҳеҷ чиз исроф нашавад». 13 Шогирдон нонпораҳои панҷ нони ҷавро, ки аз хӯрандаҳо боқӣ монда буд, ҷамъ намуда, дувоздаҳ сабадро пур карданд.
14 Мардум мӯъҷизаи Исоро дида гуфтанд: «Ӯ ҳақиқатан ҳамон пайғамбарест, ки бояд ба ҷаҳон биёяд!» 15 Исо фаҳмид, ки онҳо нияти омада, Ӯро дастгир ва ба зӯрӣ подшоҳ кардан доранд, аз ин рӯ, танҳо ба кӯҳ баромад.

Дар рӯи об роҳ гаштани Исо

16 Вақти шаб шуд, шогирдони Исо ба лаби баҳр фаромаданд 17 ва ба қаиқ савор шуда, ба соҳили дигари баҳр, ба сӯи Кафарнаҳум равона шуданд. Рӯз аллакай торик шуд, вале Исо ҳанӯз ба наздашон наомада буд. 18 Аз сабаби вазидани шамоли сахт баҳр ба талотум омад. 19 Вақте онҳо ба масофаи панҷ-шаш километр қаиқро ронда рафтанд, Исоро диданд, ки дар рӯи об қадамзанон ба қаиқ наздик мешавад. Онҳо тарсиданд. 20 «Натарсед, ин Манам!» - гуфт ба онҳо Исо. 21 Онҳо мехостанд, ки Ӯро ба қаиқ гиранд, вале қаиқ ҳамон замон ба соҳиле, ки онҳо равона буданд, омада расид.

Исо нони ҳаёт аст

22 Рӯзи дигар мардуме, ки дар соҳили дигари баҳр монда буданд, фаҳмиданд, ки шогирдони Исо ба ягона қаиқе, ки дар он ҷо буд, савор шуда рафтаанд. Онҳо боз дида буданд, ки Исо ҳангоми ба қаиқ савор шудани шогирдонаш ба онҳо ҳамроҳ нашуд ва онҳо бе Ӯ рафта буданд. 23 Он вақт одамон аз Табария дар якчанд қаиқ ба наздикии маҳале омаданд, ки дар он ҷо пас аз дуои шукронаи Худованд нон хӯрда буданд.
24 Вақте мардум диданд, ки дар он ҷо на Исо ҳасту на шогирдонаш, ба қаиқҳо савор шуда, ба ҷустуҷӯи Ӯ ба Кафарнаҳум рафтанд. 25 Баъд Ӯро дар он тарафи баҳр ёфта, аз Ӯ пурсиданд: «Устод, Шумо кай ба ин ҷо омадед?» 26 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, ки шумо Маро на аз барои он ки мӯъҷизаҳоямро дидаед, ҷустуҷӯ мекунед, балки аз барои он ки то сер шудан нон хӯрдед! 27 На барои хӯроки нестшаванда, балки барои хӯроке, ки то ҳаёти абадӣ мемонад, меҳнат кунед. Ин хӯрокро Фарзанди Инсон ба шумо медиҳад, чунки Худо-Падар ба иҷрои ин кор ба Ӯ розигиашро додааст».
28 Онҳо аз Вай пурсиданд: «Барои иҷро кардани талаби Худо мо чӣ бояд кунем?» 29 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Талаби Худо ин аст, ки ба каси фиристодааш имон оваред». 30 Онҳо пурсиданд: «Ту ба мо чӣ мӯъҷизае нишон медиҳӣ, ки мо онро дида ба Ту имон оварем? Ту чӣ кор мекунӣ? 31 Аҷдодони мо дар биёбон нони манна* хӯрданд. Чунон ки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки Ӯ барои хӯрдан ба онҳо аз осмон нон дод». 32 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба шумо рост мегӯям, ки нонро аз осмон ба шумо Мӯсо надодааст, ин Падари Ман аст, ки ба шумо аз осмон нони ҳақиқӣ медиҳад. 33 Зеро нони Худо он аст, ки аз осмон поён меояду ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад». 34 «Хоҷаам,- гуфтанд онҳо,- ба мо ҳамеша чунин нон бидеҳ!»

35 Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам. Ҳар касе ки назди Ман биёяд, гурусна нахоҳад монд ва ҳар касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад шуд. 36 Аммо, чунон ки Ман ба шумо гуфта будам, шумо Маро дидед, вале бовар намекунед. 37 Ҳар касе ки ӯро Падар ба Ман ато кардааст, сӯи Ман хоҳад омад ва ҳар касе ки ба назди Ман биёяд, Ман ӯро берун нахоҳам ронд. 38 Зеро Ман аз осмон на барои иҷро кардани иродаи худ, балки барои иҷро кардани иродаи фиристандаам фаромадаам. 39 Иродаи фиристандаи Ман ин аст, ки аз он касоне, ки Ӯ ба Ман ато кардааст, ҳеҷ якеро аз даст надиҳам, балки дар рӯзи қиёмат онҳоро зинда гардонам. 40 Зеро иродаи Падари Ман ин аст: ҳар кас ки Писарро бинаду ба Ӯ имон оварад, ҳаёти абадӣ ба даст оварад ва дар рӯзи қиёмат Ман ӯро зинда мекунам».
41 Он гоҳ дар байни мардум барои он ғавғо бархост, ки Ӯ «Ман нонам, ки аз осмон фаромадаам» гуфт. 42 Онҳо гуфтанд: «Магар ин ҳамон Исои писари Юсуф нест, ки ҳам падар ва ҳам модари Ӯро мешиносем? Акнун Ӯ чӣ тавр „Ман аз осмон фаромадаам” гуфта метавонад?» 43 «Байни худ ғур-ғур накунед!» - дар ҷавоб гуфт ба онҳо Исо. 44 «То Падар, ки Маро фиристодааст, касеро ба Ман ҷалб накунонад, ҳеҷ кас назди Ман омада наметавонад ва ҷалбшударо дар рӯзи қиёмат Ман зинда хоҳам кард. 45 Дар китоби пайғамбарон навишта шудааст: „Ҳамаи онҳо аз Худо таълим хоҳанд гирифт”. Ҳар касе ки Падарро шунида ва аз Ӯ таълим гирифта бошад, ба назди Ман меояд. 46 Ин маънои онро надорад, ки касе Падарро дидааст. Фақат касе, ки аз пеши Худо омадааст, Падарро дидааст. 47 Ба шумо рост мегӯям, он ки имон дорад, ҳаёти абадӣ ёфтааст.

48 Ман нони ҳаёт ҳастам. 49 Аҷдодони шумо дар биёбон хӯроки маннаро хӯрданд, вале аз марг наҷот наёфтанд. 50 Аммо ноне, ки аз осмон мефурояд, дигар хел аст: касе ки онро бихӯрад, намемирад. 51 Ман он нони ҳаётам, ки аз осмон фаромадааст. Ҳар кас ин нонро бихӯрад, ҳаёти абадӣ пайдо мекунад. Ноне, ки Ман медиҳам, бадани Ман аст, ки онро ба хотири зинда мондани ҷаҳон фидо мекунам».
52 Пас аз ин дар байни мардум баҳси пуршиддат авҷ гирифт: «Ин шахс чӣ тавр бадани худро барои хӯрдани мо дода метавонад?!» 53 Исо ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, ки агар бадани Фарзанди Инсонро нахӯред ва хуни Ӯро нанӯшед, ҳаёт пайдо намекунед. 54 Ҳар кӣ бадани Маро бихӯрад ва хуни Маро бинӯшад, ҳаёти абадӣ меёбад ва Ман дар рӯзи қиёмат ӯро зинда хоҳам кард. 55 Зеро бадани Ман хӯроки ҳақиқӣ ва хуни Ман нӯшокии ҳақиқист. 56 Ҳар кӣ бадани Маро бихӯрад ва хуни Маро бинӯшад, вай дар Ман зиндагӣ мекунад ва Ман дар ӯ. 57 Чунон ки Маро Падар фиристод, ки Ӯ худ сарчашмаи ҳаёт аст ва Ман ба воситаи Ӯ зиндаам, ҳамчунин, касе ки Маро бихӯрад, ба воситаи Ман зиндагӣ мекунад. 58 Ин аст ноне, ки аз осмон поён фаромад. Вай монанди он ноне нест, ки аҷдодони шумо хӯрданд, вале аз марг наҷот наёфтанд. Аммо ҳар кӣ ин нонро бихӯрад, то абад зинда хоҳад монд». 59 Ин суханонро Исо ҳангоми дар ибодатхонаи Кафарнаҳум таълим доданаш гуфт.
Калом дар бораи ҳаёти абадӣ

60 Бисёре аз шогирдон суханони Ӯро шунида гуфтанд: «Ин таълимоти вазнин аст! Кӣ онро қабул карда метавонад?» 61 Исо медонист, ки шогирдонаш аз суханонаш ғур-ғур карда истодаанд ва ба онҳо гуфт: «Магар ин шуморо аз роҳ мезанад? 62 Пас, агар шумо ба ҷои аввалаи худ боло баромадани Фарзанди Инсонро медидед, чӣ кор мекардед? 63 Ҳаётро Рӯҳ мебахшад ва ҷисм ин корро карда наметавонад. Он суханоне, ки Ман ба шумо гуфтам, рӯҳ ва ҳаётанд. 64 Аммо дар байни шумо шахсоне ҳам ҳастанд, ки имон намеоваранд». (Исо аз аввал медонист, ки ба Ӯ кӣ имон наовардааст ва кӣ дар ҳаққи Ӯ хиёнат мекунад). 65 Ӯ давом дода гуфт: «Аз ин рӯ ба шумо гуфтам, ки фақат он кас назди Ман омада метавонад, ки Падар ба ӯ ихтиёри омаданро дода бошад».

66 Баъд аз ин бисёри шогирдонаш аз Ӯ рӯй гардонданду дигар ҳамроҳи Ӯ нарафтанд. 67 Пас, Исо аз он дувоздаҳ шогирдаш пурсид: «Шояд шумо ҳам рафтанӣ ҳастед?» 68 «Эй Худованд,- ҷавоб дод ба Ӯ Шимъӯни Петрус,- мо ба назди кӣ меравем? Суханони ҳаёти абадӣ аз они туанд. 69 Мо имон овардем ва фаҳмидем, ки Ту Шахси Муқаддаси Худо ҳастӣ». 70 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Магар Ман худам дувоздаҳ шогирдро интихоб накардаам? Вале як нафар аз байни шумо шайтон аст!»
71 Ӯ инро дар бораи Яҳудои писари Шимъӯни Исқарют, яке аз дувоздаҳ шогирдонаш мегуфт, ки дар оянда ба Исо хиёнат кард.