Инджил - Хушхабари Худо

Download        Хонед        Гуш кунед

Пешгуфтор


Муаллифи ин Хушхабар Юҳанно яке аз дувоздаҳ шогирдони Исои Масеҳ буд ва аз рӯи навиштаҳои худи Юҳанно, ӯ шогирди бисёр наздик ва дӯстдоштаи Исо ба ҳисоб мерафт. Тахмин аст, ки Юҳанно ин Хушхабарро тақрибан дар охири асри аввал, байни солҳои 90-95 навиштааст, ҳангоме ки дар шаҳри Эфсӯси ҳозираи Туркия зиндагӣ мекард ва хизмати худро пеш мебурд.


Инжили из Юханно ХушхабарЮҳанно мисли Матто ҳар ҷое, ки Исои Масеҳ мерафт, Ӯро ҳамроҳӣ мекард ва шоҳиди тамоми хизмат ва мӯъҷизоти Исо буд. Дар замоне, ки дар бораи Исои Масеҳ ҳар гуна таълимоти хато пайдо шуданд, муаллиф дар пеши худ мақсад гузошт, ки бо навиштани ин Хушхабар ба имондорон дониши мустаҳкам дар бораи Исои Масеҳ диҳад, ки Ӯ дар асл кӣ аст ва чӣ хислат дорад. Дар ҷамъбасти нақли худ Юҳанно мегӯяд: «Вале ҳамаи ин барои он навишта шудааст, ки шумо ба Таъиншуда ва Писари Худо будани Исо имон овареду ба воситаи имон ба Ӯ ҳаёти абадӣ ёбед» (20:31).


Бинобар ин ҳам муаллиф нақли худро аз баён кардани он сар мекунад, ки Исои Масеҳ Каломи абадии Худо буд ва ба ҳамин сабаб хислати Худоро низ дорад. Юҳанно дар ин китоб он воқеаҳо ва суханони Исоро бештар овардааст, ки дар Хушхабарҳои дигар наомадаанд. Масалан суханоне, ки Исо дар бораи Худ гуфтааст, ки Ӯ роҳ, ростӣ, ҳаёт, нони ҳаёт, чӯпони нек, токи ҳақиқӣ, нури ҷаҳон, оби ҳаёт ва ғайра аст.


Юҳанно ҳамчунон дигар як мавзӯи калонро баён мекунад, ки Исои Масеҳ нисбат ба ҳар шахс чи шогирдони худаш ва чи бегонаҳо меҳру муҳаббат ва ғамхорӣ нишон медод: ба зани сомарӣ оби ҳаётбахш пешниҳод кард, гуноҳи занеро, ки ҳангоми алоқаи ғайриникоҳ гирифта шуда буд, бахшид, дӯсташ Лаъзорро, ки дар тӯли чор рӯз мурда буд, зинда кард, ба шогирди худ Тумо, ки ба зинда шудани Ӯ шубҳа кард, дастони Худро нишон дод.


Тарзи нақли Юҳанно дар бораи Исои Масеҳ аз се муаллифи дигари Хушхабар фарқ мекунад. Чун дар ин Хушхабар мо мебинем, ки чӣ тавр Исо бо одамони гуногун сӯҳбатҳои дароз дар бораи кӣ будану чӣ супорише аз тарафи Худо доштанаш мегузаронад. Аз ин сӯҳбатҳо дарсҳои зиёд ёд гирифтан мумкин аст, фарзи мисол аз сӯҳбати Исои Масеҳ бо роҳбари динӣ Ниқодимус мо мефаҳмем, ки зиндагии навро бо кӯшишу ҳаракати худамон ба даст оварда наметавонем, балки Худо одамони ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки наҷоти онҳоро ба таври тӯҳфа пешниҳод мекунад.

Download       Хонед


Download

Пешгуфтор


Ин Хушхабарро яке аз имондорони аввал ба номи Юҳаннои Марқӯс аз рӯи гуфтаҳои Петрус, шогирди Исои Масеҳ навиштааст. Аз рӯи замони навишташуданашон Хушхабар аз Марқӯс пештар аз се Хушхабари дигар навишта шудааст.


Инжили аз Марк ХушхабарАзбаски дар китоби Марқӯс калимаҳои зиёди арамеӣ ва расму оинҳои яҳудӣ шарҳ дода шудаанд, бинобар ин фаҳмида мешавад, ки Хушхабар аз Марқӯс барои халқҳои ғайрияҳудӣ навишта шудааст. Муаллиф бо нақли худ дар дили хонандаҳо боварӣ ҳосил кардан мехоҳад, ки Исо боқудрат аст, ки одамонро аз рӯҳҳои нопок, касалиҳо ва марг халос кунад. Инчунин муаллиф хотиррасон кардан мехоҳад, ки пайрави Исо будан осон нест, чунки пайрав бояд монанди Исо ба дигарон хизмат кунад ва ба ранҷу азоб кашидан тайёр бошад.


Дар байни чор Хушхабари Аҳди Нав ин китоби Хушхабар аз рӯи ҳаҷмаш кӯтоҳтарин мебошад. Дар вақти нақл кардани аз ҳаёт ва таълимоти Исо муаллиф бештар ба ҳодисаҳои аҷибу мӯъҷизаовар диққати хонандаро ҷалб мекунад. Бинобар ин нақли воқеаҳо аз оғози хизмати Исо сар мешавад ва аллакай аз боби аввалин мо дар бораи мӯъҷизаҳои бузурги Ӯ мехонем, ки: Ӯ баъд аз интихоби чор шогирдаш дарҳол мардеро, ки гирифтори рӯҳи нопок буд шифо медиҳад; хушдомани Шимъӯнро, тӯдаи одамони беморро ва инчунин марди махавро шифо медиҳад. Гаштаю баргашта Марқӯс аз мӯъҷизаҳои шифобахши Исо нақл мекунад ва аз ин нақлҳо маълум мешавад, ки Исо бо қудрати Худо шифо медод.


Дар айни ҳол роҳбарони динӣ Исоро қабул намекарданд ва низоъ ба миён оварда, роҳи куштани Исоро меҷустанд. Дар сурате ки девҳо дар пеши қудрати Исо сархам мешуданд ва медонистанд, ки Ӯ Наҷотдиҳанда аз тарафи Худо аст, вале Исо ба онҳо иҷозат намедод, ки инро ба дигарон гӯянд. Ин китоб пур аз тасвири мӯъҷизотест, ки ҳам одамони оддӣ ва ҳам пайравони Исоро ба ҳайрат меоварданд. Аммо, мувофиқи китоби Марқӯс, мӯъҷизаи калонтарини Исо ин буд, ки чӣ тавр Ӯ ранҷу азоби зиёд кашид ва ҷони худро фидо кард. Аввалин шуда ин мӯъҷизаро сардори лашкарҳои румӣ фаҳмид. Вай тарзи дар салиб ҷон додани Исоро дида, гуфт: «Ин одам дар ҳақиқат Писари Худо буд» (Марқӯс 15:39).

Download

Пешгуфтор


Ҳисоб мекунанд, ки муаллифи ин Хушхабар Матто мебошад, ки яке аз дувоздаҳ шогирдони наздиктарини Исо буд. Пеш аз шогирди Исо шудан, касби Матто ҷамъ кардани андоз буд. Азбаски тамоми халқи яҳуд дар он замон таҳти мустамликаи румиён буданд, тамоми андоз ба хазинаи империяи Рум дода мешуд. Аз ҳамин сабаб андозгирон низ ҳамчун хиёнатчии халқ ҳисоб мешуданд ва ҳалқ нисбати онҳо нафрат дошт. Вале Исо ана чунин одамро ба шогирдӣ даъват мекунад ва ин шогирд шоҳиди ҳаёт ва фаъолияти шавқовари Исо шуда, ҳамаи он мӯъҷизаҳо, муборизаҳо, хурсандиҳо ва саргузаштҳоро як ба як дар ин китоби худ нақл мекунад.

Тахмин аст, ки ин Хушхабар дар байни солҳои 70-80 мелодӣ навишта шудааст ва маълумоти бештари он аз Хушхабар аз Марқӯс, ки пештар навишта шуда буд, гирифта шудааст.


Инжили аз Мато ХушхабарМақсади асосии Матто аз навиштани ин китоб исбот кардан аст, ки Исо ҳақиқатан ҳамон Шоҳ ва Наҷотдиҳандаест, ки Худо омаданашро ба воситаи пайғамбарони худ сад солҳо пештар ваъда карда буд. Вай нақли худро аз номбар кардани авлоду аҷдодони Исо сар мекунад. Муаллиф нишон медиҳад, ки таваллуди Исо ҳодисаи оддӣ набуда, балки иҷрошавии пешгӯии пайғамбарон дар бораи таваллуди Наҷотдиҳанда аст.


Аз боби дуюм Исои ҳанӯз кӯдак Шоҳ номида мешавад, ки ҳатто ситорашиносон аз шарқи дур меоянд, то ба Ӯ саҷда кунанд. Лекин шоҳигарии Исо на ба ягон давлати заминӣ, балки ба Подшоҳии Худо тааллуқ дошт.


Аз сатрҳои аввалин то охирини китоб манзараҳои гуногун аз ҳаёти Исои Масеҳ нақш ёфтаанд, ки диққати хонандаро ба худ ҷалб мекунанд. Муаллиф аз ҳодисаҳои айёми кӯдакии Исо сар карда то лаҳзаҳои охирини ҳаёти Ӯ дар рӯи замин нақл кардааст, ки чӣ тавр дар кӯдакиаш фариштаи Худованд Ӯро аз марг наҷот дод, чӣ тавр Ӯ ба эълон кардани Подшоҳии Худо шурӯъ намуд, чӣ тавр беморонро шифо медод, чӣ тавр бо чанд нону моҳӣ ҳазорҳо одамонро сер кунонд, чӣ тавр дар рӯи об роҳ рафта буд ва чӣ тавр бар зидди дурӯягии диндорон мубориза мебурд. Суханони пурҳикмату бебақои Исо, ба нақли муаллиф як обу ранги хосе мебахшанд. Таълимоти Исо дар бораи дӯст доштани одамони гирду атроф, қасос нагирифтан, некӣ кардан ва ғайра дар ин Хушхабар мавқеи махсусро ишғол мекунад, ки дар ҳеҷ давру замон, дар ҳеҷ миллату давлат аҳамияти худро гум намекунад.


Инчунин бобҳои охирини ин китоб нақл мекунанд, ки чӣ тавр Исо ба мақсади худ мерасад: яъне Вай дар салиб ҷон дода, нархи гуноҳи тамоми банӣ-башарро месупорад ва рӯзи сеюм аз байни мурдагон зинда шуда, барои ҳамаи одамон роҳ ба Подшоҳии худ мекушояд. Дар охири Хушхабари Матто суханони Исо омадаанд, ки ба шогирдонаш муроҷиат карда гуфтааст: «Тамоми ҳукму қудрат дар замину осмон ба ихтиёри Ман дода шудааст. Пас, равед ва ҳамаи халқҳои рӯи заминро ба Ман шогирд созед: онҳоро аз номи Падар, Писар ва Рӯҳи Муқаддас таъмид диҳед ва иҷро кардани ҳама чизеро, ки ба шумо фармудаам, ёд диҳед. Инак, Ман ҳамеша то охири замон бо шумо мемонам» (Матто 28:18-20).

Download

Пешгуфтор


Луқо, ки муаллифи ин китоб мебошад, аз рӯи касбаш духтур буд. Дар байни ҳамаи муаллифони китоби Аҳди Нав ӯ ягона муаллифест, ки ғайрияҳудӣ буд. Азбаски Луқо худ шоҳиди зиндагии Исо набуд, аз ин рӯ ҳангоми тартиб додани ин Хушхабар ба бисёр навиштаҳои дигарон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Исои Масеҳ муроҷиат кардааст. Баъдтар тамоми маълумоти гирифтаашро ботартиб ҷо ба ҷо карда, китоби Хушхабарро барои як нафари бомӯҳтарами ғайрияҳудӣ ба номи Теофилус менависад. Тахмин аст, ки ин Хушхабар тақрибан дар соли 75-и мелодӣ навишта шудааст ва маълумоти бештари он аз Хушхабар аз Марқӯс, ки пештар навишта шуда буд, гирифта шудааст. Бинобар ин Хушхабар аз Луқо бо Хушхабар аз Марқӯс бисёр монандӣ дорад.


Инжили из Юханно ХушхабарМуаллиф воқеаҳои зиндагии Исоро дар саҳнаи ҳодисаҳои таърихии ҳамон замон баён намудааст, то нишон диҳад, ки имони масеҳиён ба он воқеаҳое аст, ки дар асоси таърихӣ низ исбот доранд. Ҳамчунон ӯ қайд мекунад, ки зиндагии заминии Масеҳ ҳиссаи бисёр муҳимро дар таърихи тамоми башар гузоштааст.

Дар ин китоб Луқо ба чанд мавзӯъ аҳамияти махсус медиҳад: яке ин аст, ки Исо барои наҷоти ҳамаи одамон ба замин омадааст: чи яҳудӣ чи ғайрияҳуд, чи сарватманду чи камбағал, чи диндору чи беимонон! Дигаре ин аст, ки дар зиндагии Исо дуо чӣ аҳамият дошт. Исо бисёр дуо мекард: баъд аз он ки дар об таъмид гирифт, пеш аз интихоб кардани шогирдонаш, пеш аз пурсиш кардани шогирдонаш, ки Ӯро кӣ мешуморанд ва пеш аз дар салиб ҷон доданаш. Ҳамчунин аз ин Хушхабар мо се ҳикояи Исоро ёд мегирем, ки дар бораи дуо гуфтааст.
Чанд масалҳои беҳтарине, ки Исо барои таълим додан дар бораи муҳаббати Худо истифода бурдааст, танҳо дар Хушхабар аз Луқо нақл шудаанд: масал дар бораи сомарии накӯкор, масал дар бораи гӯсфанди гумшуда ва масал дар бораи писари гумроҳшуда.

Луқо боз дар китоби худ ғамхории Худоро нисбат ба камбағалону бечорагон нишон медиҳад: хабари хуш ба камбағалону бечорагон бояд расонда шавад, онҳо соҳиби баракати Худо мебошанд, онҳо ба базми бузург даъват ҳастанд.
Дар бобҳои охирини китоб Луқо дар бораи зинда шудани Исои Масеҳ ба тавре баён мекунад, то хонанда боварӣ ҳосил кунад, ки ба пеши шогирдон арвоҳи Исо не, балки Худи Исо дар бадани худ зинда шуда омада буд. Ӯ зинда буд, ки луқмае аз моҳӣ хӯрд. Луқо нишон додан мехост, ки зиндашавии Исои Масеҳ тасаввуроти хаёлии касе набуда, балки воқеаи ҳақиқӣ мебошад.

Дар хотимаи китоби худ Луқо дар бораи ба осмон рафтани Исо нақл мекунад. Аммо пеш аз ин ки ба осмон равад, Ӯ ба шогирдонаш гуфтааст: «Мувофиқи гуфтаҳои навиштаҷот Таъиншудаи Худо бояд азоб кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон зинда шавад.
Ба номи Ӯ аз Ерусалим сар карда ба ҳамаи халқҳо тавба ва бахшоиши гуноҳҳо эълон карда мешавад ва шумо шоҳидони ҳамаи ин воқеаҳо ҳастед» (Луқо 24:46-48).