(1-6)   (7-12)   (13-18)
Хушхабар аз Юҳанно (19-21)


1 Он вақт Пилотус фармуд, ки Исоро бо қамчин зананд. 2 Сарбозон аз хор тоҷе бофта, бар сари Ӯ гузоштанд ва ба Ӯ ҷомаи бунафшранг пӯшонданд. 3 Онҳо ба пеши Ӯ омада, «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!» мегуфтанду Ӯро торсакӣ мезаданд. 4 Пилотус боз берун баромада, ба онҳо гуфт: «Акнун ман ин одамро пеши шумо меорам. Бидонед, ки ман дар Ӯ ҳеҷ айбе наёфтам». 5 Исо берун баромад ва дар сар тоҷи хордору дар тан ҷомаи бунафшранг дошт. Пилотус ба онҳо гуфт: «Ана ин одам!»
6 Сардорони рӯҳонӣ ва посбонон Ӯро дида, фарёд карданд: «Ӯро ба салиб мехкӯб кунед! Ӯро мехкӯб кунед!» Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо худатон Ӯро гирифта, мехкӯб кунед! Зеро ман дар Ӯ ҳеҷ айбе наёфтам». 7 Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд: «Мо дар шариат қонун дорем, ки мувофиқи он Ӯ бояд бимирад, чунки худро Писари Худо эълон кардааст».

8 Вақте Пилотус инро шунид, аз пештара зиёдтар тарсид. 9 Ӯ боз ба дохили қаср баргашта, аз Исо пурсид: «Ту аз куҷоӣ?» Вале Исо ҷавобе надод. 10 «Бо ман гап задан намехоҳӣ? - пурсид Пилотус. - Магар намедонӣ, ман қудрат дорам, ки Туро озод кунам ва қудрат дорам, ки Туро ба салиб мехкӯб кунонам?» 11 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Агар ба ту аз боло қудрат дода намешуд, ту бар Ман ҳеҷ қудрат дошта наметавонистӣ. Бинобар ин касе, ки Маро ба ту таслим кардааст, гуноҳи бузургтаре дорад».
12 Аз ин лаҳза Пилотус кӯшиш кард, ки Ӯро озод кунад, вале мардум фарёд мекарданд: «Агар Ӯро озод кунӣ, ту дӯсти император нестӣ! Касе, ки худро подшоҳ эълон мекунад, вай душмани император аст!»
13 Вақте ки Пилотус ин суханонро шунид, Исоро берун овард ва дар маҳале ба номи Сангфарш, ки ба забони ибронӣ онро «Ҷабто» мегуфтанд, ба курсии доварӣ нишаст. 14 Арафаи иди Балогардон, қариби нисфирӯзӣ шуда буд. Пилотус ба мардум гуфт: «Ана Шоҳи шумо!» 15 Онҳо фарёд зада гуфтанд: «Нест кун! Нест кун! Ӯро мехкӯб кун!» «Шумо мехоҳед, ки ман Шоҳи шуморо мехкӯб кунам?» - гуфт Пилотус. Сардорони рӯҳонӣ ҷавоб доданд: «Мо ғайр аз император подшоҳи дигаре надорем!»
16 Он гоҳ Пилотус Исоро барои мехкӯб кардан ба дасти онҳо супорид.

Мехкӯб шудани Исо

17 Онҳо Исоро бурданд ва Ӯ то «Ҷои косахонаи сар», ки ба забони ибронӣ «Ҷолҷото» ном дошт, салиби худро бардошта, рафт. 18 Дар он ҷо Ӯро ба салиб мехкӯб карданд ва ҳамроҳи Ӯ боз ду нафари дигарро дар салибҳо, яке аз тарафи чап ва дигаре аз тарафи рост, мехкӯб карданд ва Исо дар мобайни онҳо буд. 19 Пилотус лавҳачаеро нависонда, ба салиб мехкӯб кунонд, ки дар он чунин навишта шуда буд: «Исои Носирӣ, Шоҳи Яҳудиён». 20 Одамони зиёд ин навиштаро хонданд, чунки ҷое, ки Исо мехкӯб шуд, аз шаҳр дур набуд ва он суханон ба забонҳои ибронӣ, румӣ ва юнонӣ навишта шуда буданд.
21 Сардорони рӯҳонии яҳудиён ба Пилотус гуфтанд: «„Шоҳи Яҳудиён” нанавис, балки бинавис, ки „Ин одам ‹Ман Шоҳи Яҳудиён ҳастам› мегуфт”» 22 «Ҳар чӣ навиштаам, навиштам», - ҷавоб дод Пилотус.

23 Баъд аз он ки сарбозон Исоро мехкӯб карданд, либоси Ӯро гирифта, аз рӯи шумораи сарбозон ба чор қисм тақсим карданд. Куртаи Ӯро ҳам гирифтанд; ин курта аз матои яклухт бофта шуда буд ва ҷои пайваст надошт. 24 Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Биёед, инро пора намекунему қуръа партофта мебинем, ки соҳиби он кӣ мешавад».
Дар навиштаҷот омадааст: «Либоси Маро дар байни худ тақсим карданд ва бар куртаи Ман қуръа партофтанд». Барои иҷро шудани ин навиштаҷот ҳамаи ин ба амал омад. 25 Чунин буд амали сарбозон.
Дар назди салиби Исо модар ва холааш, Марями зани Келуп ва Марями Маҷдалия истода буданд. 26 Исо модари худ ва дар канори Ӯ шогирди дӯстдоштаашро дида, ба модараш гуфт: «Модар, ана ин писари туст». 27 Баъд ба он шогирд гуфт: «Ана, ин модари туст». Аз ҳамон вақт он шогирд модари Исоро ба хонаи худ бурд.

Марги Исо

28 Исо донист, ки ҳама чиз иҷро шуд ва барои ба амал омадани пешгӯии навиштаҷот гуфт: «Ташна мондам!»
29 Дар он ҷо як косаи пур аз сирко буд ва латтаеро гирифта, ба он сирко тар карданду ба нӯги чӯбе гузошта, ба лабони Ӯ наздик оварданд. 30 Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: «Иҷро шуд!» Баъд сар хам карда ҷон дод.

31 Он рӯзи тайёрӣ ба рӯзи истироҳат буд ва сардорони яҳудӣ намехостанд, ки ҷасади мехкӯбшудагон дар рӯзи истироҳат дар салиб бимонад, чунки он рӯзи истироҳат ба рӯзи иди бузург рост омада буд. Бинобар ин онҳо аз Пилотус дархост карданд, ки пойҳои мехкӯбшудагонро шикананду ҷасади онҳоро аз салиб ба поён фароранд. 32 Сарбозон омада, аввал пойҳои мехкӯбшудаи якум ва баъд мехкӯбшудаи дуюмро шикастанд. 33 Вале вақте ки ба Исо наздик омаданд, диданд, ки Ӯ мурдааст, бинобар ин пойҳои Ӯро нашикастанд. 34 Яке аз сарбозон бо найза ба паҳлӯи Ӯ зад ва ҳамон дам аз бадани Ӯ хун ва об ҷорӣ шуд.
35 (Касе, ки тамоми ин ҳодисаҳоро дидааст, шаҳодат медиҳад, то шумо низ имон оваред. Шаҳодати ӯ рост аст ва ӯ медонад, ки ҳақиқатро мегӯяд). 36 Ҳамаи ин барои он ба амал омад, ки гуфтаҳои навиштаҷот, ки «Ҳеҷ як устухони Ӯ шикаста нахоҳад шуд» иҷро шаванд. 37 Боз дар дигар ҷои навиштаҷот гуфта шудааст, ки «Онҳо ба касе нигоҳ хоҳанд кард, ки Ӯро найза заданд».

Дафни Исо

38 Баъд аз он Юсуфи аромотӣ, ки аз тарси роҳбарони яҳудӣ шогирди махфии Исо буд, аз Пилотус иҷозат хост, ки ҷасади Исоро гирад. Пилотус иҷозат дод ва ӯ омада, ҷасади Исоро гирифт. 39 Ниқодимус, ки пештар шабона ба дидани Исо омада буд, низ омад ва қариб сию чор кило ширеши хушбӯйбо гиёҳи дорувор омехтаро бо худ овард. 40 Онҳо аз рӯи расми яҳудиён ҷасади Исоро гирифта, ба кафани бо ҳамон дорувории хушбӯй омехта печонданд. 41 Дар ҷои мехкӯбшудаи Исо боғе ва дар он боғ қабри наве буд, ки ҳанӯз касе дар он дафн нашуда буд. 42 Азбаски арафаи рӯзи истироҳати яҳудиён буд ва қабр ҳам наздик буд, Исоро дар он ҷо дафн карданд.
 






Зиндашавии Исо

1 Пагоҳии барвақти рӯзи якшанбе, ҳанӯз равшан нашуда, Марями Маҷдалия ба сари қабр омад ва дид, ки санг аз даромадгоҳи он гирифта шудааст. 2 Ӯ давида назди Шимъӯни Петрус ва шогирди дигар, ки Исо ӯро дӯст медошт, омада, ба онҳо гуфт: «Онҳо Худованди моро аз қабр бурдаанд ва мо намедонем, ки Ӯро ба куҷо гузоштаанд».
3 Пас, Петрус ва он шогирди дигар ба тарафи қабр равона шуданд. 4 Ҳардуи онҳо медавиданд, вале он шогирди дигар аз Петрус тезтар давида, аввалин шуда ба сари қабр расида омад. 5 Ӯ хам шуда кафанро дид, вале ба даруни қабр надаромад. 6 Аз паси ӯ Шимъӯни Петрус ҳам давида омад. Вай ба даруни қабр даромада, дид, ки кафан ҳаст ва 7 матое, ки дар сари Исо буд, на бо кафан, балки дар каноре ҷудо печонда шудааст. 8 Он гоҳ шогирди дигар ҳам, ки аввалин шуда ба сари қабр омада буд, ба қабр даромаду ҳамаи инро дида имон овард. 9 Онҳо ҳанӯз суханони навиштаҷотро намефаҳмиданд, ки дар бораи Ӯ гуфта шуда буд, ки бояд баъд аз марг зинда шавад. 10 Шогирдон ба хонаашон баргаштанд.

Ба Марями Маҷдалия зоҳир шудани Исо

11 Аммо Марям берун аз қабр истода гиря мекард. Ӯ гирякунон хам шуда ба даруни қабр нигоҳ кард 12 ва ду фариштаи сафедпӯшро дид, ки дар ҷое, ки пештар Исо гузошта шуда буд, нишастаанд, яке аз тарафи сар ва дигаре аз тарафи пой. 13 «Эй зан, чаро гиря мекунӣ?» - пурсиданд онҳо. Марям ба онҳо ҷавоб дод: «Худованди маро бурдаанд ва ман намедонам, ки Ӯро дар куҷо гузоштаанд».
14 Инро гуфта, ӯ ба қафо рӯ гардонду дид, ки дар рӯ ба рӯи ӯ Исо истодааст. Вале ӯ надонист, ки ин Исо аст. 15 Исо ба вай гуфт: «Эй зан, чаро гиря мекунӣ? Ту киро меҷӯӣ?» Марям Ӯро боғбон фикр карда ба Ӯ гуфт: «Эй хоҷа, агар шумо Ӯро бурда бошед, ба ман бигӯед, ки дар куҷо гузоштаед, то Ӯро гирифта барам». 16 «Эй Марям!» - гуфт Исо. Марям рӯ оварда, бо забони ибронӣ фарёд зад: «Эй Раббунӣ (ки маънояш «устод» аст)!» 17 Исо ба ӯ гуфт: «Ба Ман даст нарасон, ки ҳанӯз ба пеши Падар боло нарафтаам. Лекин назди бародаронам рафта гӯй, ки Ман назди Падари Ману шумо, ба назди Худои Ману шумо меравам». 18 Марями Маҷдалия ба назди шогирдон омада, дар бораи Худовандро диданаш ба онҳо хабар дод. Инчунин суханони Исоро, ки ба ӯ гуфта буд, ба онҳо нақл кард.

Ба шогирдон зоҳир шудани Исо

19 Бегоҳии худи ҳамон рӯз, яъне рӯзи якшанбе, вақте ки шогирдон якҷоя ҷамъ шуда, аз тарси роҳбарони халқ дарҳоро маҳкам баста менишастанд, Исо омаду дар миёни онҳо истода гуфт: «Ба шумо оромӣ мехоҳам». 20 Инро гуфта, дастҳо ва паҳлӯяшро ба онҳо нишон дод. Шогирдон аз дидани Худовандашон хурсанд шуданд. 21 «Ба шумо оромӣ мехоҳам! - такрор кард Исо. - Чунон ки Падар Маро фиристодааст, Ман низ шуморо мефиристам».
22 Баъд аз ин суханон Ӯ бар онҳо пуф карда, гуфт: «Рӯҳи Муқаддасро қабул кунед! 23 Гуноҳи касонеро, ки бубахшед, ба онҳо бахшида мешавад ва онҳоеро, ки набахшед, гуноҳ дар гардани онҳо мемонад».

Исо ва Тумо

24 Тумо, яке аз он дувоздаҳ шогирди Исо, ки боз Дугоник номида мешуд, ҳангоми омадани Исо дар он ҷо ҳамроҳи онҳо набуд. 25 Шогирдони дигар ба ӯ гуфтанд: «Мо Худовандро дидем!» Вале ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «То бо чашмони худам изҳои мехро дар дастони Ӯ набинам ва ангуштамро ба он нагузорам ва дастамро ба захми паҳлӯяш намонам, бовар намекунам!»

26 Баъд аз як ҳафта шогирдон боз ҷамъ омаданд ва Тумо ҳам ҳамроҳи онҳо буд. Дар баста буд, вале Исо омада, дар миёни онҳо истоду гуфт: «Ба шумо оромӣ мехоҳам!» 27 Баъд ба Тумо гуфт: «Ангуштатро ба ин ҷо гузору дастонамро бин ва дастатро ба захми паҳлӯям гузор! Дигар шубҳа накуну бовар кун!» 28 Тумо ба Вай ҷавоб дод: «Эй Худованди ман, Худои ман!»
29 Он гоҳ Исо ба ӯ гуфт: «Магар аз сабаби он бовар мекунӣ, ки Маро мебинӣ? Вале хушбахтанд онҳое, ки Маро надида имон овардаанд».
30 Исо дар ҳузури шогирдони худ бисёр мӯъҷизоти дигареро ҳам нишон дода буд, ки дар бораи онҳо дар ин китоб гуфта нашудааст. 31 Вале ҳамаи ин барои он навишта шудааст, ки шумо ба Таъиншуда ва Писари Худо будани Исо имон овареду ба воситаи имон ба Ӯ ҳаёти абадӣ ёбед.



Ба ҳафт шогирд зоҳир шудани Исо

1 Баъд аз ин Исо дар канори баҳри Табария бори дигар ба шогирдони худ зоҳир шуд. Зоҳир шудани Ӯ ана ин тавр ба амал омад: 2 Шимъӯни Петрус, Тумо, ки боз Дугоник номида мешуд, Натаноил, ки аз аҳли Қанои Ҷалил буд, ду писари Забдой ва ду шогирди дигари Ӯ - ҳама дар як ҷо ҷамъ омада буданд. 3 Шимъӯни Петрус ба онҳо гуфт: «Ман рафта, моҳӣ сайд мекунам». «Мо ҳам ҳамроҳи ту меравем», - гуфтанд дигарон.
Онҳо рафта ба қаиқ савор шуданд, аммо он шаб чизе сайд накарданд.

4 Вақти баромади офтоб Исо дар соҳил истода буд. Аммо шогирдон нафаҳмиданд, ки ин Исо аст. 5 Исо аз онҳо пурсид: «Эй бародарон, ягон моҳӣ сайд кардед?» «Не»,- ҷавоб доданд онҳо. 6 Вай ба онҳо гуфт: «Тӯрро аз тарафи рости қаиқ партоед ва моҳӣ медоред». Онҳо тӯр партофтанду аз сабаби зиёд будани моҳӣ онро ба қаиқ кашида натавонистанд. 7 Он шогирде, ки Исо ӯро дӯст медошт, ба Петрус «Ин Худованд аст!» гуфт. Вақте Шимъӯни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, либосашро пӯшиду (чунки либосашро кашида буд) худро ба об партофт. 8 Шогирдони дигар бо қаиқ ба тарафи соҳил ҳаракат карда, тӯри пур аз моҳиро аз паси худ кашида оварданд. Онҳо аз соҳил на он қадар дур буданд, тахминан дар масофаи сад қадам.
9 Вақте онҳо ба соҳил расиданд, гулханеро диданд, ки рӯи он моҳӣ гузошта шудааст ва дар паҳлӯи он нон ҳам буд. 10 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Аз моҳиҳои сайд кардаатон биёред». 11 Шимъӯни Петрус ба қаиқ даромада, тӯри пур аз яксаду панҷоҳу се моҳии калонро аз об ба соҳил кашид. Бо вуҷуди ин қадар зиёд будани моҳӣ тӯр канда нашуд. 12 Исо ба онҳо гуфт: «Биёед ва ноништа кунед». Аз шогирдон касе ҷуръат накард, ки «Ту кистӣ?» гуфта бипурсад, чунки онҳо фаҳмиданд, ки ин Худованд аст. 13 Он гоҳ Исо пеш омада, нонро гирифту дар байни онҳо тақсим кард, инчунин моҳиҳоро ҳам. 14 Ин бори сеюм буд, ки Исо баъд аз зинда шуданаш худро ба шогирдон нишон дод.

Исо ва Петрус

15 Баъд аз хӯрдани хӯрок Исо ба Шимъӯни Петрус гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, оё ту Маро аз онҳо бештар дӯст медорӣ?» «Оре, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам»,- ҷавоб дод Петрус. «Барраҳои Маро чарон»,- гуфт Исо. 16 Бори дуюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» «Бале, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам»,- ҷавоб дод Петрус. «Гӯсфандони Маро саробонӣ кун»,- гуфт Исо. 17 Бори сеюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки Исо бори сеюм аз ӯ мепурсад, ки Ӯро дӯст медорад ё не. «Худованд, ба Ту ҳама чиз маълум аст, - гуфт ӯ ба Исо. - Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам». Исо ба ӯ гуфт: «Гӯсфандони Маро чарон. 18 Ба ту рост мегӯям, вақте ки ҷавон будӣ, худат камарбандатро баста ба ҳар ҷое, ки мехостӣ, мерафтӣ, вале вақте ки пир мешавӣ, дастҳои худро дароз мекунӣ ва каси дигар камарбандатро баста ба ҷое, ки намехоҳӣ, туро мебарад».
19 Бо ин суханон Исо ба Петрус фаҳмонд, ки бо кадом роҳ марги Петрус Худоро шӯҳрату ҷалол хоҳад дод. Баъд ба Петрус гуфт: «Аз паси Ман биё».

Исо ва шогирди дӯстдоштааш

20 Петрус ба ақиб нигоҳ карда, шогирдеро дид, ки Исо ӯро дӯст медошт. Ӯ аз паси онҳо меомад. Ин ҳамон шогирде буд, ки дар вақти шом хӯрдан ба Исо такя карда пурсида буд: «Эй Худованд, кӣ ба Ту хиёнат мекунад?» 21 Инак, Петрус ӯро дида, аз Исо пурсид: «Эй Худованд, бо ӯ чӣ мешавад?» 22 Исо ҷавоб дод: «Агар Ман хоҳам, ки ӯ то вақти бозгаштанам зинда монад, ба ту ин чӣ дахл дорад? Ту аз паси Ман биё!»
23 Бинобар ин дар байни имондорони Исо овозае паҳн шуд, ки гӯё он шогирд намемирад. Аммо Исо ба ӯ нагуфт, ки ӯ намемирад. Ӯ фақат гуфт, ки «Агар Ман хоҳам, ки ӯ то бозгаштанам зинда монад, ба ту ин чӣ дахл дорад?» 24 Ин ҳамон шогирдест, ки ҳамаи инро навиштааст ва дар бораи ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва мо медонем, ки шаҳодати ӯ рост аст.

25 Инчунин Исо боз бисёр корҳои дигареро ҳам кардааст. Агар ҳамаи онҳо навишта мешуданд, ба гумонам, дар тамоми олам барои ин миқдор китоб ҷой ёфт намешуд.