Главная » Файлы » Китобхо ба забони точики.

Хушхабар аз Матто (Башорат)



16.01.2011, 11:57
Ҳисоб мекунанд, ки муаллифи ин Хушхабар Матто мебошад, ки яке аз дувоздаҳ шогирдони наздиктарини Исо буд. Пеш аз шогирди Исо шудан, касби Матто ҷамъ кардани андоз буд. Азбаски тамоми халқи яҳуд дар он замон таҳти мустамликаи румиён буданд, тамоми андоз ба хазинаи империяи Рум дода мешуд. Аз ҳамин сабаб андозгирон низ ҳамчун хиёнатчии халқ ҳисоб мешуданд ва ҳалқ нисбати онҳо нафрат дошт. Вале Исо ана чунин одамро ба шогирдӣ даъват мекунад ва ин шогирд шоҳиди ҳаёт ва фаъолияти шавқовари Исо шуда, ҳамаи он мӯъҷизаҳо, муборизаҳо, хурсандиҳо ва саргузаштҳоро як ба як дар ин китоби худ нақл мекунад.

Тахмин аст, ки ин Хушхабар дар байни солҳои 70-80 мелодӣ навишта шудааст ва маълумоти бештари он аз Хушхабар аз Марқӯс, ки пештар навишта шуда буд, гирифта шудааст.


Инжили аз Мато ХушхабарМақсади асосии Матто аз навиштани ин китоб исбот кардан аст, ки Исо ҳақиқатан ҳамон Шоҳ ва Наҷотдиҳандаест, ки Худо омаданашро ба воситаи пайғамбарони худ сад солҳо пештар ваъда карда буд. Вай нақли худро аз номбар кардани авлоду аҷдодони Исо сар мекунад. Муаллиф нишон медиҳад, ки таваллуди Исо ҳодисаи оддӣ набуда, балки иҷрошавии пешгӯии пайғамбарон дар бораи таваллуди Наҷотдиҳанда аст.


Аз боби дуюм Исои ҳанӯз кӯдак Шоҳ номида мешавад, ки ҳатто ситорашиносон аз шарқи дур меоянд, то ба Ӯ саҷда кунанд. Лекин шоҳигарии Исо на ба ягон давлати заминӣ, балки ба Подшоҳии Худо тааллуқ дошт.


Аз сатрҳои аввалин то охирини китоб манзараҳои гуногун аз ҳаёти Исои Масеҳ нақш ёфтаанд, ки диққати хонандаро ба худ ҷалб мекунанд. Муаллиф аз ҳодисаҳои айёми кӯдакии Исо сар карда то лаҳзаҳои охирини ҳаёти Ӯ дар рӯи замин нақл кардааст, ки чӣ тавр дар кӯдакиаш фариштаи Худованд Ӯро аз марг наҷот дод, чӣ тавр Ӯ ба эълон кардани Подшоҳии Худо шурӯъ намуд, чӣ тавр беморонро шифо медод, чӣ тавр бо чанд нону моҳӣ ҳазорҳо одамонро сер кунонд, чӣ тавр дар рӯи об роҳ рафта буд ва чӣ тавр бар зидди дурӯягии диндорон мубориза мебурд. Суханони пурҳикмату бебақои Исо, ба нақли муаллиф як обу ранги хосе мебахшанд. Таълимоти Исо дар бораи дӯст доштани одамони гирду атроф, қасос нагирифтан, некӣ кардан ва ғайра дар ин Хушхабар мавқеи махсусро ишғол мекунад, ки дар ҳеҷ давру замон, дар ҳеҷ миллату давлат аҳамияти худро гум намекунад.


Инчунин бобҳои охирини ин китоб нақл мекунанд, ки чӣ тавр Исо ба мақсади худ мерасад: яъне Вай дар салиб ҷон дода, нархи гуноҳи тамоми банӣ-башарро месупорад ва рӯзи сеюм аз байни мурдагон зинда шуда, барои ҳамаи одамон роҳ ба Подшоҳии худ мекушояд. Дар охири Хушхабари Матто суханони Исо омадаанд, ки ба шогирдонаш муроҷиат карда гуфтааст: «Тамоми ҳукму қудрат дар замину осмон ба ихтиёри Ман дода шудааст. Пас, равед ва ҳамаи халқҳои рӯи заминро ба Ман шогирд созед: онҳоро аз номи Падар, Писар ва Рӯҳи Муқаддас таъмид диҳед ва иҷро кардани ҳама чизеро, ки ба шумо фармудаам, ёд диҳед. Инак, Ман ҳамеша то охири замон бо шумо мемонам» (Матто 28:18-20).

Категория: Китобхо ба забони точики. | Добавил: woltj | Теги: Башорат, Инджили Матто, китобхо точики
Просмотров: 1974 | Загрузок: 802 | Комментарии: 2
Слово жизни Душанбе on




Всего комментариев: 1
1 Saodat  
0
Мехӯрему менӯшем, аммо сер намешавем чунки дарк немкунем ки эҳсоси гурустнагӣ ва ташагӣ аз куҷои мо меояд! Мо инсонҳо офаридаҳои дорои се навъ табиат ҳастем, ё инсон - ҷоне аст дорои рӯҳ ки дар ҷисме ба сар мебарад. Ғизоҳои лазиз моро дар сатҳи ҷисм сер карда метавонад, ҷони мо аз дидору гуфтору кирдори хуш сер метавон шуд, аммо рӯҳи мо танҳо аз Худое ки Худ Рӯҳ ва муҳаббат аст сер шуда метавонаду бас! Барои расидан ба хушбахтии комил шартаст ки ҳаматарафа дуруст тағзия биёбем бо ин тартиб: "Шумо дар навбати аввал ҷӯяндаи подшоҳии Худо ва иҷрошавии хости Ӯ бошед ва Ӯ ҳамаи ин чизҳоро низ ба шумо медиҳад." (Матто 6:33) "Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст, то ки марди Худо комил гардида, ба ҳар аъмоли нек муҳайё бошад" (2Тимотиюс 3:16,17)

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]